Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо хурсандӣ
Он гоҳ
Бар китфи ҷӯрааш
Зада бо даст,
Гуфт:
— Дидӣ,
Байни мову онҳо
Фарқе набудаст!

РӮБОҲИ МАККОРУ
ЧӮҶАИ ҲУШЁР
(Афсона)

Буд, набуд, кӯҳсоре буд,
Дар бағалаш ғоре буд,
Дар ғори тираву тор
Рӯбаҳи маккоре буд.

Рӯзона дар ғори тор
Мехобид ӯ мурдавор,
Шабона дар деҳ мекард
Мурғу мурғобӣ шикор.

Рӯбаҳ набуд, шайтон буд,
Ғоратгари мурғон буд,
Дар назди ин маккора
Ақли деҳ нотавон буд.

пешина
аз 184
навбатӣ