Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Он дам намоям,
Шикамамро сер,
То расад хамир,
Танҳо бо фатир.

Нонреза афтад,
Агар аз даҳан.
Оҷаам доим,
Мегӯяд ба ман:

– Нонро нарезон,
Кас кӯр мешавад.
Монанди фатир,
Чутур мешавад.

Аз ҳамин сабаб,
Як ҷо нишаста,
Мехӯрам нонро,
Кам-кам шикаста.

АККАИ ДУМДАРОЗ

Аккадумдароз,
Ман бо ту ароз:
Аз барои чӣ,
Дуздӣ кардӣ боз?

Тухми мурғи ман,
Бурдӣ аз катак.
Шикаста хӯрдӣ
Онро бенамак...

пешина
аз 184
навбатӣ