Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Бибиҷонам меояд,
Дили ҷонам меояд.
Аз раҳи дур меояд.
Базӯр-базӯр меояд.
Бибим ояд мо — хурсанд,
Қисаҳояш пури қанд.
Мавизу мағз меорад,
Чизҳои нағз меорад.
Гапҳои бибим ширин,
Қанд барин, асал барин.
Бибим кони афсона!
Бибиҷонам ягона!
Бибиҷонам меояд,
Дилу ҷонам меояд.
Равам, кӯрпача орам,
Болишти пар гузорам.
Чояки гарм биёрам,
Нонаки нарм биёрам.
Бибиҷонро шинонам,
Хафа шудан намонам.
Бибиҷони хушрӯям,
Бибии қиссагӯям.

пешина
аз 184
навбатӣ