Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

— Кӣ куртаи маро дӯхт?
— Модарам.
— Оши болаззат кӣ пухт?
— Модарам.
— Кӣ майда бофт мӯям?
— Модарам.
— Кӣ мучҷӣ кард рӯям?
— Модарам.
— Кӣ гул ба дасти ман дод?
— Модарам.
— Кӣ мактабам фиристод?
— Модарам.
— Маро кӣ гуфт қобил?
— Модарам.
— Кист ба ман ҷону дил?
— Модарам.

НОНИ ГАРМ

Лаҳча чун гул шукуфта,
Лаҳча таги хокистар.
Танӯри пури лаҳча
Чун кӯраи оҳангар.

Рӯи супра пури нон,
Болои ҳам хобида.
Оромие надорад
Остинчаву рафида.

пешина
аз 184
навбатӣ