Зеҳн
Офтоби оламоро

Маҷмӯаи асарҳои адибони тоҷик барои бачаҳо мебошад. Китоб шомили ҳикояҳо ва шеърҳои тарбиявӣ барои наврасон аст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 184 саҳифа

КӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

— Оҷаам даррав биё, гуфтанд, хеле ҳаял шуд, — узр пеш овард Манижа.
— Ин хел бошад, бирав. Оҷаи ту ҳам мисли ман ба ҷустуҷӯ набарояд.

Гулноз худро машғули кор вонамуда ба гусели дугонааш набаромад. Модар рафтори духтарашро напасинда гуфт:
— Дугонаатро ҳамроҳ овардию чаро гусел накардӣ? Гов барин шиштӣ. Кай одобро ёд мегирӣ?

Гулноз посух надода хомӯш истод.
— Чаро дамат ба дарун афтодааст? Ё дар мактаб ҳодисае рӯй дод? — Хотираш парешон гашта пурсид модар. — Мабодо «ду» нагирифтӣ?

Гулноз сӯи модар нигоҳи аламомезе афканд, гӯё бо ин мефаҳмонд: «ман кай «ду» гирифтаам?»

Вай низ аз паси модар ба ошхона даромад. Аз ҷевон тахтаҷа ва аз зери ҷумаки об тағорачаи пурпиёзро гирифта обашро рехту ба реза кардани пиёз шурӯъ намуд. Аз тезии пиёз чашмонаш пуроб мешуданд, вай бо нӯки остини куртааш пок карда чобукона пиёз реза мекард. Фурсате нагузашта тағорачаи пурпиёз холӣ шуд. Модар инро дида кори дигар фармуд:
— Аз қуттӣ картошка гирифта тоза бикун.

Гулноз хомӯш аз паи фармоиш шуд. Вай қабл аз пӯсти картошкаро гирифтан онро зери об тоза шуст, то чашмакҳояш намоён шавад. Баъд аз картошкаро тоза кардани Гулноз модар фармоиши дигар дод:
— Ино ҳам монандӣ пиёз маҳин реза бикун!

пешина
аз 184
навбатӣ