Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа
Нависанда Бахтиёр Муртазо ба тӯли чанд соли охир ҳаёт ва заҳмати қаҳрамононаи нурофарони Роғунро омӯхта, як силсила очеркҳо эҷод намуд. Чанде аз ин очеркҳо дар саҳафоти маҷаллаю рӯзномаҳои ҷумҳурӣ дарҷ гардиданд, ки аксари онҳо дар баробари зикри масъалаҳо ситоиши заҳмати шабонарӯзии бунёдкоронро дар бар мегиранд. Масалан, очерки «Садди сойи Оби Шӯр»-ро гирем, ки дар маҷаллаи «Садои Шарқ» ба чоп расидааст. Дар ин очерк сойи Оби Шӯр аз воқеият фаротар рафта, маънои маҷозӣ ва рамзӣ касб мекунад ва хонандаи хушманд дар мисоли он ҳамагуна монеъсозии ҳам табиӣ ва ҳам инсониро дар муқобили сохтмони бузургу тақдирсози Неругоҳи Роғун ташхис месозад ва шикастани зӯъму саркашии он тимсоли муборизаи қатъии Давлату миллати Тоҷикистон ва хусусан Пешвои миллатро дар роҳи эъмори ин сохтмони аср ва умуман зиндагии шоистаи имрӯзӣ таҷассум менамояд. Аз ин лиҳоз очерки мазкурро бо эътимод очерки барҷастаи бадеӣ метавон номид, ки назири он, мутаассифона, имрӯзҳо камтар ба назар мерасад.
(Аз маърӯзаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муҳтарам Низом Қосим дар Анҷумани XV Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё