Зеҳн
Дарахти умр

Китоб маҷмӯи мақолаҳо, мусоҳибаҳо ва шеърҳоро дар бар мегирад, ки ба ҳаёт ва эҷодиёти Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо бахшида шудаанд. Дар он андешаҳои адибону олимон дар бораи мероси адабии номбурда пешниҳод мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 263 саҳифа

МаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

АБДУНАБӢ САТТОРЗОДА,
доктори илмҳои филологӣ,
профессор, узви Академияи
Илмии Ҷумҳурии Исломии Эрон

АДИБИ МУСТАНАДГАРО ВА МУСТАНАДНАВИС

Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Бахтиёр Муртазо агарчи ба қавли худаш «ҳикоя ва қиссаҳои сирф бадеӣ» низ навиштааст ва намунаҳои онҳо дар маҷмӯаҳояш гирдоварӣ шудаанд (Рӯз. «Адабиёт ва санъат», 11 ноябри 2021), дар асл адиби мустанадгаро ва мустанаднавис - очеркнавис ва публитсист мебошад.

Ин қазияро аз овони ҷавонӣ то ба ҳол ҳамчун рӯзноманигор, журналист фаъолият кардани ӯ, яъне аз ходими рӯзномаи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» то кор дар симатҳои гуногун дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат», «Садои Шарқ», «Садои мардум» ва «Минбари халқ» ва чопи маҷмӯаҳои очеркҳояш «Қасидаи бародарӣ», «Чанор дар Солони», «Ҷӯи Навдиз», «Эҳси Бешканд», «Чашмаи офтоб», «Ман чароғ афрӯхтам», «Нӯҳ чанори Балҷувону Бахманрӯд», «Чавпазак», «Хӯшаҳо аз киштаҳо» (ду ҷилд) ва романи мустанади «Накби Истиқлол» тасдиқ мекунанд.

Гузашта аз ин, агар дуруст ва амиқтар мулоҳиза шавад,
тарҷумаҳои маълуму машҳури ӯ, аз ҷумла романи нависандаи бузурги фаронсавӣ Стендал «Сурх ва сиёҳ» ва китоби
адиби номии рус Константин Паустовский «Садбарги зарин» низ моҳиятан асарҳои мустанад мебошанд. Тасодуфӣ
нест, ки муаллифи романи «Сурх ва сиёҳ» онро «Воқеаномаи асри XIX» номида, ин мисраъро аз Дантон ном шоире ҳамчун зерсарлавҳа (эпиграф) овардааст: «Ҳақиқат, ҳақиқати талх».

пешина
аз 263
навбатӣ