Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

АдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

мебурд. Тафовути ин маърака аз маҳфилҳои пешин он буд, ки шароб не, шарбати нок даҳонашонро мазза медод. Аммо ба ёвари аввали соҳибҷашн сухан намерасид. Зори сараш монад, Бердибойи шумрӯ бо Садир чиҳо кард? Ҳузураш дар ин маъракаи ороста ҳис намешавад. Ё наузанбиллоҳ! Хашму ғазаби Садири бодӣ рӯ заду ба ровӣ ишора кард, ки ӯ ҳам зиндааст. Гулафшон ранҷида буд, ки гурс-гурс қадамзанон баназу карашма мерафту меомад болову поён. Котибаи биникаҷала Олуфта сухан бигӯяду Садир не, мурданаш беҳ. Беқадрияшро акнун фаҳмид, лекин ӯ бояд сарвар шавад! Ҳӣ-не ба шон навбат расид, ки маърака хунук шуда буд. Ночҳор хест, гурбаи маскадуздворӣ ҳаросон бингарист, забон хойидаву тарсолуда гуфт:
— Бовар кунед, соҳибҷашни мо, раҳбари ғамхоре буд... Шодравон Алиюф Ҷаъфар мардҳоро акаву занҳоро апа мегуфт. Котибаашро хеле дӯст ҳам медошт...
Ровӣ дарҳол пеш омаду дар бехи гӯши ҷавони олуфтаи бемағз фаҳмо гуфт:
— Ба ҷоят рафта бишин, ки ҳамаро шарманда кардӣ. О, шодравон мурдаҳоро мегӯянд-е.
— Киш! Бакавули оши таёр-а? Дар шоҳиди ҳамин мардум Алиюф Ҷаъфара шодравон гуфтам, боз мегӯям. Ба фикрам, шодравон...
Воқеан, толор ба хонаи занбӯр бадал шуд ва Ҷаъфар Алии паёпай ҷумбидан дошт. Ба пешонии фароҳаш дона-дона арақ дамид. Нохунҳои ангуштонашро баҳам совида, аз «шодравон»-гӯии ёвари аблаҳ сахт ранҷид. Маънисанҷ набудан гуноҳест азим ва азобест алим. Як ҳарфи беҷо мумкин ба ҳалокати одам бурда расонад. Баихтиёр бархоста, ба тамкини азаливу тафоҳури душманкуш пешониашро молида-молида баалам гуфт:
— Дасти бенамак доштаам. Худоё, Садир пеш аз вақт маро кушт. Ҳолӣ мӯзаҳота ранг намол. Аз ёд ҳам набарор, ки ман бардаму бақувватам, ба дамгирӣ намебаром.

пешина
аз 139
навбатӣ