Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

АдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

Оҳангаш ғамзадаҳоро гирёнд. Хайрбоди ҳофизи солхӯрда охирин дидораш бо пиру барно буд. Хайрбод менавохт думбура, хайрбод ба нону намакдодаҳо. Оҳанг зери ангуштони бозингар бадоҳатан тавлид меёфт. Мавриди гуфтори ҳофиз набуд, вагарна сангсораш мекарданд. Оҳанги сабурӣ буд, ҷасурӣ буд, ғаюрӣ буд ҳамоҳангаш. Хиромонравии кабкаки мастеро мемонист падруди Карими Шуш, ки аз тири саёди беинсофу қотил маҷрӯҳ ошён меҷӯяд. Ошёни кабк дур нест, аммо то бадон сар суданаш дар гумон аст. Хайрбод менавохт ҳофиз аз рӯзгори носудаву пурандӯҳаш. «Омодаам ба истиқболи пайкатон. Мо, бандагон, аз решаи Одаму Момоҳавойем. Сангдилӣ чаро?! Бидонед, ки пас аз ҳалокам ҳазорон каримоне бо шумоҳо меразманд. Ба худ оед, ай додарон! Куштор камоли хирад набувад, силоҳ фурӯ бигзоред! Хуб, думбуранавозе мурд, оҳангаш сутурд, хок ҷисмашро хӯрд, баъд чӣ? Фурсат аст, истиҳола намоед! Агар мардед, тан диҳед, ки оҳангам ҷонҳоро менавозад. Ай таҳамтанҳо, шумоён ба силоҳ, фақир ба думбура таҳамтанӣ дорам! Садсолаҳое рафта, ин мардуми коркӯфта, оҳу шеванаш суфта, калон ба хурдаш гуфта: буд ҳофизе ҷонсахте, бишоннда чанд дарахте, дар авҷи гули бодом, миёнаи хосу ом, мастона наво мезад, аз рӯзи ҷазо мезад, аз духтари қингӯла, мехонд ба фалак нола. Ҳам хамхами абрӯяш, ҳам ҷилваи гесӯяш, ҳам лаъли шакарбораш, ҳам турраи тотораш, ҳам пайкари мушкбезаш, ҳам рӯҳи дилангезаш, силсилаҷунбоне, офате ҷоне, қадаш ҳилоле, бари рухсораш бинҳода холе, як дӯхти хушрафторе, ростина Гулъузоре, аз аҳди шубоби ӯ месӯхтиву мепухтӣ, ишқномаи ҳусни ӯ мегуфтиву мегуфтӣ. Аз ғаббабаш хӯрда ғам, бо оҳангаш хест мотам, надида рӯзи шоде, не маснади ободе, ашкаш дар параи рӯш, номаш буд Карими Шуш. Оҳанги зафар мезад, ҳам табли хатар мезад, оҳе зи ҷигар мезад, ашкаш ба қамар мезад. Мезад аҷаб

пешина
аз 139
навбатӣ