Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
— Аввал пурсиш, баъд кӯшиш. Бегуноҳро чӣ кир-мекунӣ?!
— Белафзҳо. Шом савганд мехӯреду субҳ аҳд ме-шиканед!
— Ку такрор бикун! Оҷайи зората дар чашмот ни-шон метиям! Мард бошӣ, бигӯ! — Ҳе, нокасӣ шумҳафас! — ва шастакӣ ҷониби Ғаюри хунталаб аспашро маҳмез бизад, ки ҳамроҳон ҳалқааш гирифтанд.
— Моне, барои як кайк пӯстина насӯзон, коман-дир!
— Бетамиз, яке аз худ рафт-да.
— Ҳаригарӣ кард ӯ, ҳуқматон қабул, — эътироз карданд аспакиҳо ба номи Ғаюр.
— Ҳаригарӣ ҷо дора. Васвасаша бишнав: ҳамаро нобуд бисозем! — ғазаб борид аз чашмони Фузайил. — Ҳофиза бикушем, олима нест бикунем, кӣ боқӣ мемо-над?! Насли ту?! Ун ҳофиз аҷаб навохта, ба дилам раҳм андохт. Аз ин пас касе хун бирезад, мепарронам! Бас одамкушиву ғоратгарӣ!
Суворони лангари сукут ба ғилофу шамшер даст набурда, чизе, ло-бал амали носавобе, сахт маъюсшон бинмудаву дар чорсӯйи хиёл во монданд. Онҳо, ки дар миёни халқ ба каллабурӣ эътирофшудаанд, ба раъият пайвастанро чӣ далелест?! Хайрбоди Карими Шуш?! Сартосари деҳ диду шунид афсонаи ҳофизро. Баҳман-рӯдиҳо маҳфилоро буданду ҳофиз шамъе дар миёна! Ва Фузайил нахост доғи ин маҳфилро. Овозаш ба хона-донҳо рафта, ки ҳунари воло душманро ба салоҳ овар-дааст. Аз деҳоти дур ба кулбаи ҳофиз вакил омаду миннат пазируфт, ки ба шарофати ӯ аз гурезогурез ора-мида, нолай нонашонро бетарсу ларз мехӯранд. Ҳа-лолаш бод!!
Садои суми аспон дигар ба гӯши деҳотиҳо намера-сид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё