Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
Мардон худро бепарво вонамуд мекарданд, ки зани Мирзораҳим натарсад. Ҳассосу нозук аст дили инсон! Девдориҳо ягон маротиба аспро дар чунин аҳвол надида буданд, зину афзори хуб дошт, болопӯшаш ранг мезад. Аспро соҳибаш беҳад дӯст медошт, ҳатто дар тасмачаи лачом бар кокулаке мӯҳраяке овехта буд, ки чашми бад нарасад. Бинандаро аз афзори зебои асп хушаш меомад, харидор мешуд.
Боре як харидор аспи ӯро нарх монд. Савдояш напухт. Бо ғазаб «мошинамро бигиру аспатро те» гуфт. Ҳазл намекард, талабгори қатъӣ буд. «Ҳой, ошно, рафиқи хуб — қаноти одам, як тора мӯяш аз сарвати дунё болост. Дӯсти вафодори ман ҳамин асп аст. Чонамро хоҳӣ, бигиру аспамро не!» — посух дода буд ба харидор Мирзораҳим. Мардак аз хона бедимоғ баромада, ба мошин нишасту рафт, вале хотири даҳмарда озурд, ки назди асп омад, пушташро ҷорӯб зада, хору мол кард. Дар охури баланд бароиш коху ҷав рехт. Асп ҳам авзои соҳибашро фаҳмидагӣ барин рӯяшро ба ғабари рӯи ӯ мемолиду бӯ мекашид ва лаҳзаяке ноз мекард. Мирзораҳим даст ба гардани асп андохта, дар гӯшаш пичиррос зад: «Талабгоронат бисёр шудаанд. Онҳо туро аз ман бурданиянд. Мошин ваъда ҳам карданд, нокасҳо! Ту зиқ нашав, хушбӯякам. Не-е, як тора мӯякатро ба тилло иваз намекунам. Дар чашмони оҳурангат бимирам. Охир, ту шаҳсутуни дили манӣ ва ҷовидона бо ман хоҳӣ монд!»
Даҳмарда аспашро ҳатто ба як дӯсти қадрдонаш нафурӯхт.
Ва ҳолиё мӯйсафеди Ҳаким аспи пуштлучро диду гуфтугузореро, ки шоҳид буд, ба хотир овард, тааҷҷуб кард: «Ба камбағал ягон гап нашуда бошад, хуб, — аз дил гузаронд мӯйсафед ва сӯи пушта дуру дароз нигоҳ дӯхт. Болои теппа ба ҷуз ду-се гов сиёҳие надид. Чашмони камнураш Мирзораҳимро меҷӯст, — «Наволаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё