Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа
дорад. «Дар ин бевақтӣ чӣ кор дошта бошад?»—фаҳмидан хост аз он шахс. Афсӯс, ки кифт дарҳам кашид.
Сифати фазилатҳои раиси Бобохонро аз обчиҳо беҳисоб шунида буд.
— Худат бачаи ҳамин колхозӣ. Неку бадашро хуб медонӣ, — пас аз ҳолпурсӣ ба мақсад наздик шуд раис.
— Рамабон мешавӣ....
— Охир... — безобита забон хойид Мирзораҳим, — кӯҳ ба кӯҳ гардам, хонаам беҳисоб мемонад...
— Ин хел нагӯ, одами шунидагӣ механдад,—табассуми роздоре кард раис. — Дар ин даврони серию пурӣ ҳеҷ кас бесоҳиб намемонад. Ёрмандӣ мекунем. Розӣ шав, ба ту бовар дорем!...
Ва рӯзи дигар Мирзораҳим асо гирифту рамабонӣ рафт... Аспсувор кӯҳу дара дар нигоҳаш гулгун метобид. Фақат бетаҷрибагӣ андаке гарониш меовард. Вале аз нирӯе батадриҷ одат кард, аксаран деҳа ба ёдаш намерасид.
Аз харош-хароши сумҳои асп дарвозаи чӯбин садо баровард. Рухсора, ки рӯи торбанд либос офтоб мекард, ҳадаҳа зулфайнро кушод. «Асп бесавора? Худоё...»
Бо дили ларзон аспро ба ахтахона бурд. Дар тӯрба каме коҳ гирифта, аз болояш ду коса ҷав рехту ба гардани асп кашид, сатили об овард. Аммо асп на ба сатил ва на ба занак эътибор надода, беқарор пой мекуӯфт.
Ҷонвари безабон якзайл шиҳа мекашид. Занакро гӯё хати барқ зада буд. «Ба мардакам ягон воқеа шудааст, ки аспаш пушти луч омад. Хок бар сари мани берӯзӣ.
Бачаҳаком сағера нашаванд, хуб-да. Дар он кӯҳу камар сад даррандаву хазанда... Бе даҳмардагии ӯ ҳам рӯзамон мегузашт». — Ду дидаи соҳибхона ҳавзи об гашт.
Рухсора бехабар аз гулмехи ҷунбонак баробари гиряи тифли ширхораш шитобон хона рафт. Ҷонвари бовафо аз шиҳа бозмонда, тайи пояшро хоктӯда кард ва якбора худро ба беруни дарвоза зад. Боз панҷаи бод буду

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё