Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

ҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

даҳмарда ҳам. Рамаро бонӣ кардан бигир, ақлат медарояд. Ба дилам алови сӯзон рехтӣ, бача! Магарам рамаро ба Гулдара бибарему ҳадаҳа таҳдашт бихамбам.
— Тағо, аспакӣ меравӣ ...?
— Ҳо, бе асп як қадам намемонам, — чизе ба хотири Мирзораҳим расида, озурд. — Чӣ, тоқа бимонӣ, зик мешавӣ?
— Тағоҷон, аспа набар, сувор шуда бигардам...
— Ёд дорӣ, пеш аз омаданат чӣ гуфта будам? «Аспсуворӣ нағз, лекин ба сари ҳар гӯсфанд ба сарат ҷавоб мегӯй!»
— Ҳо-о, ёд дорам, тағоҷон. Аспа набар, хуб, — ангуштонашро совида, гарданашро каҷ гирифт Ҷумъа.
— Агар аспа набарам, ту онро саришта карда метавонӣ?
— Наҳо, бовар накунӣ?
— Ту-қӯ аспсувориро дар кино дидай. Боз ин аспи ҷавмаст бурда дар ягон чарню оббурда назанадат?
— Чанд бор аспи акаи Шамсиддина сувор шуда, обдиҳӣ бурдаам, — боварбахшу омехта ба фахр далел пеш ниҳод шарики тағо.—Эҳа, ҳамин хел як аспи гандамасте, ки мегазиду шатта мепартофт. Лаҷому нӯхтааш банди каинӣ буд...
— Наметарсӣ? — даҳмарда озмоишкорона ба чашмони ҷавон назар афканд, ки дар аҳдаш устувор аст ё на?
— Кӣ метарсад? Ма-ан? Пӯ-ӯҳ, хандағм меояд, кӯдак нестам. Бирав, тағо, ба Худо аз шер наметарсам!
— Дар хотир нигаҳ бидор: тарсончак бошӣ, даҳмардаи хуб намешавӣ... Ҷавонӣ, хунат дар ҷӯш аст, лекин феъли аспа намедонӣ, ҳаминаш ноҳуб. Бисёр ҷонвари рамузфаҳм аст. Дар борааш китобҳо навиштаанд. На висанда мебудам, дар бораи Мушкам китобе менавиштам,

пешина
аз 139
навбатӣ