Зеҳн
Бозгашти аспи даҳмарда

Ин китоб маҷмӯаи ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод мебошад. Дар он олами андешаҳои инсонӣ ва рӯйдодҳои гуногуни ҳаёт тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 139 саҳифа

АдабиётҲикоя
Аз аввал хондан

рӯболо мегардонид. Ситораи охирини рӯз нопа-дид гашт. Полвон якзайн мечакид. Одат кардааст са-ги бечора. Мирзораҳим тамоми шаб начунбид. Ҷисмаш аз паси рама буду хушу ёдаш бар сари кӯдаки навзод мерафт. «Хонаи бемардина кошонаи бесутун ворист. Одамизод ҳамеша муштоқи сухани гарм аст. Агар ӯ ҳам як писари калон медошт, дар ин хел рӯзҳо аз каму кости рӯзгораш қадре осуда мегашт. Лоақал хонаашро саробонӣ мекард. Охир, шабу нимашаб яке бемор ша-вад, кӣ табиб чеғ мезанад? Заҳри одамро одам мегирад. Аз дасти духтарони ба гуфти падар мушти пар кори вазнин намеояд. Саманди бодпои вақт басо тез меши-тобад. Ана, ба нинӣ ном намонда, ду моҳи бутун гу-зашт-а». Зимни ин андешаҳо Мирзораҳим сари рама-ро ҷониби Гулдара гардонд. Пешорӯ гӯё кӯдак дар бағали Рухсораи занаш дасту почак зада, тезтарак ра-сидани падарро нигарон аст. Даҳмарда пуштангу зер-танги аспашро кушода, зин ва мулаҳои онро рӯи алаф бигзошт. Даҳонаи ҷонварро кашида баровард. Ба фуки асп нӯхта зад. Гулмеҳро бо пошнаи мӯза сахт ба замин кӯфта, ба шарикаш маслиҳати заруриро дода гуфт, ки ниниро дида, зуд бармегардад. Ва Ҷумъа рамаро лаҳ-зае сарҳӯй нагузорад, ҳушёрона бонӣ бикунад. Баъд худаш бо роҳи морпечи дара якпал-якпал раҳ кашид. Ба тасаввураш намегунҷид, ки фосилае мегузараду аз пасаш кофтани меояд ҷонавар. Ӯ ҳамон тифлаки маъсу-машро дар оинаи дил медид, ки бо гиряи афзун мода-рашро ҷонсарак мекунад. Дар нигоҳаш кӯҳи намаки Хоҷамӯъмин мӯйсафеди ҳакимест, ки мегуфт: «Ғам нахӯр, бачам. Одамизод ба ҳукми дарахт аст, гаҳ борон мебинаду гоҳ офтоб. Боумед қадам неҳ!» Масофаи миё-ни девлох то хонааш роҳи дароз, бисёр дароз метобид.

Беқарор шуда буд, асп. Якзайн ёл меафшонду ши-ҳа мекашид. Мехоста шабу рӯз бо соҳибаш бошад? Ҷонвари

пешина
аз 139
навбатӣ