Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷарроҳи рӯйи по хест. Ҳоле бибинӣ, намешиносӣ: фарбеҳак, лунчақош суп-сурх, баобу тоб гаштааст.

— Э, бародар! Дур нарав, мисоли зинда дар пешат, — Абдуламини меҳмон даст сӯйи Ҷӯрахон ба гуфтор омад. — Ҳамин ҷавони нозанин шофир буд, бор мебурд, насиба будааст, чигинааш каҷ омад, миёнаш бишикаст. Як бор не, ду маротиба ҷарроҳӣ хӯрд, захмаш рӯ гирифт, ҳазор бор шукр, сиҳат шуд. Ана, оҳу барин гаштааст.

Убайдулло ба фикри умум розӣ, дар андешаи ҷарроҳии навбатӣ афтод.

Ба дидорбинии ҷавони бетолеъ аҳли дард меомаданд. Подабони хоҷагӣ Субҳони Зумуррад, собиқ шарикдарсонаш Зокир, Набӣ, Абдурозиқ, пирамард Усмони якдаст, Абдуҷалили Ятим ва апаи Марям, ки якбора ду бачаи паҳлавонзебашро аз даст дода буд, ҳар бори омадан тасаллият мегуфтанд. Боз кӣ омад? Ҳа, бобои Қурбоналӣ, падари Достиро ғамаш рӯ мезад. Ягона бачаи мӯйсафед дар садамаи мошини «ЗИЛ» абадӣ чашм пӯшид. То ҳатто рӯзи оварданаш ҳамноми марди пир Қурбони «девона» дар санҷаки дари хона шифта, хунг-хунг бигрист. (Ӯ ба касе кордор нашуда, гарангогаранг мегашт!) Гуфтандаш: «Биҳез, ба хонаат бирав», аламаш ҷӯшид. Баландтар овоз андохт. Дар гиряи ӯ модар мӯву рӯ канд. Мӯйсафеди Пирум хост девонаро берун бибарад, вале зӯраш нарасид. Аксаран девонаҳо нерӯманданд. Ҳеҷ нафаршон ба осонӣ сар намефурорад. Ба Қурбони ин маломат қорагар, аз гиря бозмонд:

— Девона! Дарди ҷони худа бинол.

— Бобои Пирумшо, таъна накун. Аз модар девона таваллуд нашуда будам.

— Э, биҳез, хонаат бирав. Иқ. дар пойгаҳи дари хонаи мардак чӣ раҳи мардума бастаӣ?!

— Раҳи касеро намебандам. Манам пеши Худо кулчаву ҳалво набурдаам, ки ба рӯзи бад бирасонам. Бобои Назийма ҳам девона мегуфтӣ. Куҷо шуд? Не, бигӯ, куҷо шуд-а?!

— Қурбон, чӣ хафа мешавӣ? Хушёрро хушёр, девонаро девона мегӯянд.

— Ҳине дар саҳрои Ховалинг кор мекардам, ҳичкӣ баробарам картошка намечид. Ҳама ба ман ҳасад мебурд. Медал гирифтам! Ана, дидӣ?! Бибину дигар таъна накун! — Қурбон аз ҷой бархоста, пеши синаашро дамонда, нишони зарби ҳалқарангеро

пешина
аз 314
навбатӣ