Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамаро саф ороста, фаҳмонд, ки шеърхонии толибилмонро набояд ғалат маънидод кард. Сад бор шукр, ки овоза дар пахтазор монд.

Фуруди таёра хотироти ширини ҷавонии дардмандро барҳам зад.

Амаки Маҳмадуллову писараш Ҳикмат беморро бо чӣ душвориҳое дар шифохона хобонда, худашон дар хобгоҳи як ҳамдеҳашон манзил гирифтанд. Пизишкони маскавӣ ба рафъи иллати ҳароммағзи сутунмӯҳра ба умеде ҷарроҳӣ карданд, ки қарахтии поҳош ба ислоҳ ояд. Василан дастгоҳи махсус ҳаракати сунъӣ бахшиданд. Ҳикмат ба хотири сиҳатбинии додараш мағзу мавизу пиставу бодом, ноку себу ангури тоза ҳам овардшон.

Хуҷраҳои ялаккосӣ озода, муомилан хуши сафедпӯшонро дида, бовари Убайдулло ба офияти худ афзуд. Марди ҳилъатпӯшу кулоҳдори айнакӣ ҳар субҳ хандон омада, паҳлӯи каташ менишаст.
Ба пойҳои ӯ даст расонида, ба дафтараш чизе менигошт. Баъдан, бо самимияти беандоза вазъи тансиҳатиашро пурсон мешуд. Ку бемор ин субҳ чӣ кайфияте дорад. Иштиҳояш бад не, вале ҳаракати пойҳо ба мушоҳида намерасад. Чаро? Ин қарахтии сарпизишки маскавӣ Алексей Платоновро ба таҳлука оварда буд. Тӯли солиёни фаъолияташ беадад маризон аз навмедӣ вораста, то ҳанӯз номааш менависанд. Ӯ ҳар пагоҳӣ боз дар ҳалқаи ёварони ҳилъатпӯш пеш-пеш, айнакашро саҳл поён ҳамонида, хандон-хандон меояд.
Ба пешонии ҷавони пурормон панҷаи меҳр мебарад ва хеле нарм кайфи ҳолашро мепурсад. Нигоҳи андешаманди Алексей Платонов, чеҳраи нуронӣ, хандаҳои беғаши ӯ ба Убайдулло умед мебахшад.
Сарпизишк то ахири муоина бо лутфи ширин ва ишораҳои бомаънӣ сӯйи ҷавон сар ҷунбонида, рӯҳнавоз мегӯяд:
— Не беспокойся. Всё будет хорошо!
— Раҳмат, — посух мегардонад бемор даст болои дил гузошта.

Рафтори шоистаи Алексей Платонов, ҳамшираҳои шафқати шифогоҳ ва ҳампалатаҳои ӯ низ чунин оғозу анҷомро молик буд.
Ва Убайдулло мегуфт, ки сари маҳал ба ин ҷо меовардандаш, аҷаб не, шифои комил меёфт. Дасткӯтоҳии зорманда гавҷӯби сари роҳаш гашт. Дарди кӯҳнаро табобати тӯлонӣ мебояд. Ҳалон фосилаи дарозе паси сар нашудааст, ки боиси афсӯс бошад. Як сол бигзарад-чӣ? Он гаҳ дастонаш на ба замин мерасаду на ба само.
Дигар бурду бохташро аз тақдир мебинад. Ҳамдеҳааш Гурез Азими овозаш ҳиррӣ, ки он ҷо ҳозир буд, рӯякӣ сар мечунбонд.

пешина
аз 314
навбатӣ