Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

печонида, ки оташ бозӣ нест, яке мепечад. Фосилае мегузараду ба нонҳои лоласони танаи танӯр панҷа-панҷа об мепошад. Агар не, рӯи нонҳо ҷо-ҷо гул, қадбонугии вайро барҳам мезанад. Ба нӯки рӯймол қатраҳои рӯяшро мечаббад, ғалтидани қатраеро болои нонҳо нопок меҳисобад. Канортар аппам ош мепазад.

Ногаҳон холаи Шарифā аз паси сафили ҳота хитоб мекунад:
— Оҷаи Сайилгул!
— Лаббай! — ба ҷойи модар посух мегардонам.
— Э, меҳмон дорем. Ку пурс, нони гарм пухтааст?
Ҳалаҳа сӯи танӯр медаваму хоҳиши холаи Шарифаро мерасонам.
— Ту дар куҷо будӣ, шаҳбачаи оҷа? — бо тану чеҳраи оташосо оғӯшам кашида, аз чашмонам мебӯсад модарам.
— Мо дар хонаи акаи Тагаймурод будем, — дастаконамро ба гарданаш ҳамойил мекунам.
— Нони гарм мехӯрӣ?
— Не, оҷа, як нон те, барои холаи Шарифа бибарам. Дар паси сафил нигоҳ дорад.

Аҷиб ки ба ман кам коре мефармуд. Гоҳ-гоҳе, ҳини саргардониш гоҳвораи хоҳаракамро меҷунбондам. Аз пеши худ талош мекардам, ки дастёраш бошам. Ба поям хоре мехалид, беқарор сӯзан мекофту баэҳтиёт онро кашида мегирифт, озор намеёфтам. Мепурсид, ки китоб мехонам ё на?

Нони аввали пухтаашро модарам бо мамнуният ба ҳамсоя равон мекунад. Бӯйи хуши нон ба атроф паҳн мегардад. Ин бӯйи гуворо ба бӯйи модарам шабеҳ аст. Ҳини фароғат гӯшнавоз лабҷанг менавозад.

Нони суп-сурх пеши бағал медавам. Баногоҳ аз саргаҳи деҳ гурс-гурсӣ сумҳои асп хаёл медуздад ва дарҳол ӯ ба аппам мефармояд, ки дастархон густурда, барои падарам чой дам бикунад ва аз хурман ҷилпечи хонаи даруни дар чиние чӯрғот бигирад. Худаш маҳтали сурхшавии нони ахирин меистад, то гармогарм ба наздаш бибарад. Ягона аспдор дар деҳ падарам буд. Меояду аспашро ба таки дарахти зардолу мебандад. Тӯрбаро ба сари ҷонвар мекашад. Модарам нони ахирини танӯрро кандаву аз кӯзаи суфолини болояш пӯшида ба зарфе оби яхсон рехта, мешитобад. Хуштарин хӯрдани барои падарам нони гарму оби чашма аст. Ба шаст қадам мениҳоду ягон дандонаш иллат надидааст. Ҳавас

пешина
аз 314
навбатӣ