Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

кофт, дардо, нишоне наёфт аз Шоҳвалии покрафтору хушӯфтору беозор.

Ва ҳар рӯз ба одамбозори атрофи ғор, дидаҳои холаи Зӯҳро аз гиря хунбор, аввал мепайваст. Ҷомаи домодии фарзанд ба бар, модари муштипараш дар сина аҳгар, оҳу нола сар медод аз лахти ҷигар, ашки доғаш лола мешуд дар лабони ғори Кафтар.

Равои мардум ба ҳамғаҳи гулпӯш қатъ намегашт. Моҳ ба моҳ дили пайвандон хунук мешуд. Иззати бандагии Шоҳвалии паҳлавонро деҳагиҳо бо синаи чок-чок гузарониданд.

Ҳар баҳор ба такяи асо хеставу афтида мерафт модар то лаби ғори Кафтар. Менишиту аз даҳони ғор дида барнамеканд. Хаёле нури чашмонаш ҳамин замоно рӯ менамояд. Ба афсонаи деву парий бовар кард модар.

– Ёддошти талҳе, – оҳ кашидам дар сукути Малаҳ.
– Кафтари сур...

Пардаи ғубор дарида, дар табақи осмон хуршед мерахшид. Агар дар қуллаҳои баланд барф намебуд, мегуфти баҳор аст. Заб-зардии дулонаҳои сар-сари шоху раддаи ҷӯяҳои шудгори пуштаву бармолҳо ва шиҳои галаи аспон ин манзараро зеботар медошт. Чеҳраи Малаҳ шукуфт. Дар ин раҳи дароз нав хандаашро дидам. «Саманд»-аш як таккон хӯрду ларзид ва ӯ аз таронаҳои бозмонда гуфт:

– Шодӣ кун, бачаи тағо!
– Расидем?
– Ана, сангоб, ду қадам пас боғ...
– Э эҳ, бӯйи ватани бобой омад!
– Бобот дар куҷо буд?
– Сари Ҳисор!
– Макони таърихист ватани бобои ту.
– Ҳа, аввалин хиштҳои давлатдориро дар Хуросон гузоштаанд.
– Ҳамон ҳин хоки тоҷик тинҷ буд?
– Кашмакаш мерафт, аммо на ба ин дастур.
– Барои тахту тоҷ?
– Не. Ҳифзи марзу бум аз турку муғулу қизилбош муқаддас буд.
– Чӣ дуое рафта?
– Акаи Малаҳ! Ба фикри Шумо давлагро чӣ хел бисозем?
– Давлатдорӣ бозӣ нест, ҷӯра. Сиёсати сталинӣ лозим.
– Яъне, мардуми бедор нестем?

пешина
аз 314
навбатӣ