Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ШАБПАРАКИ ПАЁМБАР

Шабпарак дар вораҳои охакии тирезаи нимво рӯболо хазидан дошт. Пархош дар партави барқи хиратоб ранг зада, аз рахи зулмоти шаб ҷонакашро ба рӯшанӣ мекашид. Шишан лайс варо меуфтонду аз роҳаш намегашт, барон то чӯбак расидан пар-пар мезад. Писарак мехост ӯ ҳар шаб ин ҷо бимонад. Аз тирезаи боз парида меомаду ба тирезаи боз парвозӣ мерафт. Рӯзонаҳо кампайдо буд. Аҳён-аҳён шабона, ҳиие ки аспи белаҷоми торикӣ касеро гардан намелод ва ҳар сӯе мефоридаш ҷуфтак мезад, баъди таъоми шом бесадо меомад шабпарак. Ӯро бо болҳои сафедаш бишнохта буд писарак. Аз таваллуд ба ёдаш монда буд ин пархои зебо. Ба дастаи гаҳворааш як мӯҳраи чашм ва шабпараки сафеди болпаҳн меовехтанд. Бо ҷумбиши гаҳвора шабпарак ҳой мехӯрд. Дар парвози ӯ чашмаконаш ҳушёр, мезавқиду ба боли ҳамойил дастак мезад. Ва... медошт шабпаракрову бо ёди пистони модар боли ӯро мемакид. Момо арӯсро фарёл мекард, ки ба набера сипа бимакқонад. Базӯр аз даҳонаш болро мекашиданд ва шабпараки беҷон бо ду мардумаки раҳшон бастан гаҳвора ҳой мехӯрд. Яъне, дар зеҳни писарак барвақт шишта буд шабпарак.

Шаби дуюм буд, ки чашм ба тирезаи нилӣ. на чой мехӯрду на нон. Ба гиря хобаш мебурд, ба болояш курпа мепӯшонданд. Матлабаш намегуфт, мегирист, узрашро намефаҳмиданд. Аввалҳо хурдак буд, забонакаш чандон гӯё набуд. Войи гунгон, ки умре азият мекашанд. Сиёсаташ мекарданд, ки ором бигирад, баъд ҳар чизакаш ҳадя медоданд. Кӯдак на ба аспаку хурӯсак менигаристу на ба пуфаку гулканд. Ҳароина гулхани аламаш аланг мезад. Рози дил ё шӯхнеро ба ҳамзабон фаҳмонда нагвонӣ, чи ваҳшате. Барқасди ӯ модар эътибораш намедод. Аксар ҳангом гириста-гириста хобаш мебарад. Ғаму андӯҳи писаракро ҳар кӣ сабукӣ намебахшид. Ва дили кӯкакашро ба гиря холӣ мекард.

Ларзонак буд хитобаи писарак. Пушти шишаи тиреза шабпарак ба зиндагӣ талош дошт. Талоши ӯ бебарор мегузашт. Мечаспиду меафтид, меафтиду мечаспид. Аз резаборон мегурехт? На. Ҳавои берунро нахоста, худро ба шиша мезад. Калонҳо

пешина
аз 314
навбатӣ