Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ним соат истодӣ, чизе гуфт ё не?
— «Шӯи хушкарда мегирам!»
— Чӣ, духтурӣ касби гандааст?
— Намедонам, гириста шиштааст.
— Хайр, зинда бошем, мебинем, — бобои Сафоро гиччовак ғӯлугир кард.
Хостгорҳо саркашолу сустниҳод аз дарвоза мебароянд.
Аз шохаи дарахтони сафедор селаи зоғҳо париданд. Париданду ҳамоно дар болои хотаи пиразани Ҳадиҷа пойин шуда, «қоғ-қоғ» бароварданд. Кори зоғ-чӣ, шумхабарёрӣ.
Ниҳояти кор, ба гирди дастархон ҷамъ мешавем. Чеҳраи модарам офтоб хӯрдааст. Акнун аз шавлаи пухтаи Сайлигул як-ду навола мегирад, ки муҳосил омада, бо вазниншавии бемории момаи Ҳадиҷа мебарадаш. Меравад ва сари болини бемори табсӯхта нишаста, ангуштонашро мемолад. Момо аранге чашм кушода, овози ошноро мешиносад.
— Гул-дас-та... о-мадӣ?
— Ҳо, мома.
— Пихилам бикун, сафар дорам. Нону намакта бисёр хӯрдаам...
— Ҳолӣ сад соли дигар мезӣ, мома.
— Не, ҳамин будаст кори дунё, ба тамошо меойву меравӣ. Марг хабарам кардаст.
— Ҳазор бор пихилат кардам. Одами худододаӣ, мома. Бибин, ҳама дар хизмат. Насиби мо чӣ бошад?
— Мурдама худат бишӯ. Духтари қиёматиам, — аз ду гӯшаи дидагони кампир қатраи ашк намоён мешавад. Мичгонҳош аз ҳам мегурезанд.
Андаруни хота, так-таки дарахтони шоҳисеб солору андешаманд, ҷӯяҳои обхӯрдаи бодирингу пиёзро аз назар мегузаронд модарам. Сарҳисоби кораш гум буд. Месӯзад, ки маслиҳатгари як деҳи калон ҷон ба Ҳазрати Азроил супорид. Себҳои нимхом афтодаву пӯсидаро дастёраш ба тагорае андохта, ба соғи гови дардманд бурда мерезад. Дарзачаи алафро аз сари шиг ба ҳел мепартояд. Болои пештахtai катаки мургон обу дон мениҳад. Як дамак ба ҳараки зери зардолу, ҷое, ки нимрӯзиҳо падарам дар сояи он дам мегирифт, менишинад.
Ҳаво ҳини пешин губоролуда мешавад. Болои хуршедро пардаи

пешина
аз 314
навбатӣ