Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Синни модарам ба ҳафт нарасида, аёли бобом аз дунё мегузарад ва зиндагишон рӯ ба талхӣ мениҳад.

Ҳароина модарам аз Абдураҳмони Қодирӣ навои думбурае мешунавид, мисли кабки аз селааш ҷудо ошён мековад, сабру қарораш мерабуд. Сукут ихтиёр мекард, ба умеде, ки ёбад ошёни гумкардаро. Ва дар он ошён бобои думбуранавозамро меҷӯяд.

Фарёд, ки хоки сарду хомӯш аст фарҷоми зиндаҳо. Ашк меборад ба ёдаш модарам.

Ғуруби хуршед ро дӯст надорам.

Аз дарахтон танга-танга барг мерехт. Ниҳолон ҳам урёнӣ бенуранд. Шоҳтути бемеваи ҳавлии мо камбагалеро мемонд, ки бисоти ночизашро дуздони шабгард ба яғмо бурдаанд.

Хешу табор пиёдаву савора ба аёдати падарам меомаданд. Ӯ беёд мехобид. Даври болинаш раиси Абдураҳим ғамгин аст, аз миёни торахон риши паҳни сафедаш гӯра-гӯра ашк метаровид. Аз дугоникҳо Ҳасану Ҳусайн ӯву падарам мондаанд. Боқӣ, акаи Абдуҷаббору Бобохӯҷа нусхаи рӯйи бобоманд. Чӣ падару чӣ бобом ба ақлу тамизшон муносиб дуоҳои некшон додаву баъд аз сари худ сарпарасти мо хондандашон. Момои Тобонам қатори пирамардони нуронӣ мегирист.

«— Ай, Худои бузург! Мо акнун паррончак шудаву ба қиблагоҳ хизмате накардаем. Хонаи мо бесаробон мемонад. Ба ҷойи ҷони ӯ ҷони маро бигир», — дамбадам даробуро мекардаму имдод меҷӯстам.

Ду моҳ пеш, дар таътили баҳорӣ хабаргирӣ омадам. Бо вуҷуди иллатӣ будани зонуҳош падарам замин нарм мекард. Гӯё диначально бо ӯ механдидем, рози падариву писарӣ мегуфтем. Алафҳои пешопеши белашро мечидам. Арақ аз сару рӯяш мешорид. Сар бардошта, ба қиблагоҳ мегӯям:

  • Биё, бела ба ман те, ҳапшасат баромад.

  • Э, ҷони ширине, дилат сӯхт?

  • Зонуҳот дард мекунад?

  • Пойи ростам дар бузкашӣ шикаста буд. Шаш моҳи бутун ба тахтапушт хобидам. Шира мерехтанд ба даҳонам. Насиби нимтанашавӣ набудааст, рӯи по хестам. Буза, ки тайи по

пешина
аз 314
навбатӣ