Зеҳн
Офтобо, ба ғуруб марав...

Ин китоб маҷмӯаи қиссаҳо ва ҳикояҳои нависанда Сипеҳри Ҳасанзод буда, масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоии ҷомеаро ба риштаи тасвир мекашад. Дар асари мазкур таассуроти ҳаётӣ ва таҷрибаи рӯзгори қаҳрамонон бо услуби хос баён шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 314 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

меорам, ба шарте ба апаам се дона пиёз бибахшӣ, — башӯҳӣ шарм медоронам ӯро.

— Муттаҳами пиёзи ту нестем! Пашме барор, ки худат хунук нахӯрӣ, шуд!

Ва Сайлигули азиз нони суп-сурхи пурнақшу нигори дастсӯз ва табақи дугро пеши мо бинҳода, бо занаки пиёзталб мебароянд. Садои помониеро аз болохона мешунавем. Тайи ҳар қадам гӯё ба тани Садбарг сӯзан мехалид, беқарор меҷунбид. Як-ду навола хӯрда будем, ки апаам фуромаД. Тарсу буд. Ба табақ аҳёнӣ, шитобзада даст дароз мекарД. Тавре менамуд, ки ба куҷое сафар дорад. Дар асл, мо сафаракӣ будем. Пештарҳо ҳам менишаст, ба шӯхӣ моро механдонд. Не, ба Худо, он рӯз одамгурез менамуд.

Хомӯшӣ тӯл намекашад.

— Дугона, ҳиммата паст нагир. Ба ду-се дона пиёз на бой мешавӣ ва на камбагал, — мегӯяд модарам. — Сайлигул туро таъриф мекарД. Ҳардуяш фарзанд ҳисобанд.

— Ту ҳиммат нишон надеҳ! Духтарат хонама ҷазир дораду пуштӣ мегирӣ-а! — соҳибхона магар як дахан гапи модарамро мунтазир буд, ки ҳарчи-ҳарчи мегуфт. — Ба ёдат ҳаст, дар арӯсӣ ба сараш чойник шикастанам? Не! Пешонияш сиҳат шуд. Ҳа, доғаш рафт. Мефорадат, ки ту ҳам хунолуд биравӣ? Нағмаҳота парто. Ҳо о, медонӣ девона будаму ҳастам.

— Гург одама хунолуда мекунад, ту одамизодай-ку?

— Гургам! Медаронамат, фаҳмидӣ?! Омадӣ, паят кӯр нашуда рафтан бигир. Чизёбӣ осон не. Бачаи камбагалам пасмондаи каргасора э, каресора чинда овардааст. Дилат бисӯзад, бурда тарбияташ бикун. Ба як духтари рӯдапо ҳай нозу нуз кардӣ.

Дили сияҳи Садбарг ҳалται зардоб гашта буд, ки кафиД. Аз омадаимон сад бор пушаймон шудем. Кош, ҳамиш лаҳза сардардаш мегирифт. Се дона пиёз баҳона, чӣ гапҳое бофта, коҳи кӯҳна бод мекарД. Сол аз дувоздаҳ моҳ касе аз дараш намедаромаД. Модарамро ҳам ноилоҷ- зориҳои апаам ба дари хонаи ӯ занак кашон-кашон мебурд.

— Дар арӯсии рӯдапо набуд-ку. Шабистӣ рафтамаш намемонДӣ.

— Баобу тоб буд-чӣ?

— Гӯсолаи мешуданӣ аз хӯшаи думаш маълум.

— Мо ҷувозаш кашидаем? Шукронаи дастархони нурам бигӯ, ки ӯро дида мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ