Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
• ки дуруст намешавад, — узрхоҳона сар ҳам кард шофёр.
— Аз ҳамин лой барояд, он тарафаш пастӣ, — гуфт старшина, — баъд худаш рафтан мегирад.
Дар ҳақиқат, масофаи боқимонда дусад метрро ҳам ташкил намекард. Бинобар ин, ман ҳам ҳамроҳ шудаму боз як зӯр задем. Мошин аз ҷояш ҷунбад ҳам, аз лой баромада наметавонист. Чархҳои он торафт чуқуртар мефаромаданд. Фармудам, ки старшина як отделенияро гирифта ояд.
— Мумкин, рафиқ, командир? — шунида шуд овози ғафси касе.
Ба қафоям нигоҳ кунам, ҷавони паҳлавонпайкаре бо одоби ҳарбӣ даст ба чакка бурда, рост истодааст.
— Марҳамат, — гуфтам.
— Иҷозат диҳед, ёрӣ расонам, — гуфт ӯ.
— Марҳамат, ёрӣ расонед.
Ӯ ҳамон дам шинелашро кашида, ба сӯи ҳаво дод ва ба қафои мошин гузашт. Ман зуд шинелашро гирифта ба болои қуттие гузоштам ва аз қафояш рафта, нобоварона ҳайрон истодам, ки чӣ карда метавониста бошад? Боз «зӯри беҳуда миён шиканад» гуфта, луқма ҳам партофтам. Ӯ китфҳои васею ғафсашро ба борти қафои мошини ҷафс карду ду пояшро ба замин сахт гузошт, дигарон ҳам монандӣ аввала ба борт часпиданд.
— Як-ду, бардоштам! Як-ду бардоштам! — автомашина аз лой баромада ба роҳи ҳамвор даромад. Ҷавони паҳлавонпайкар ҳанӯз тела медоду мошин сабук пеш мерафт. Ҳама ба қувваи ӯ қоил шуданд. Охир, чӣ тавр қоил нашаванд?
— Шумо аз кадом қисм? — пурсидам.
— Аз ротаи чорум.
— Фамилияатон?
— Маро Полтора-Иван меноманд, агар шунида бошед...
— Ҳа, ҳа, фаҳмидам, — ба хотирам омад, — командиратон гуфта буд. Хайр, милтикандозиро ёд гирифтед?
— Не, рафиқ командир, ҳарчанд кунам, намешавад, — шармгинона сар ҳам кард Иван, — Дар умрам ба даст нагирифта будам. Охир, маро кор фармоянд намешавад? Ҳар чӣ қадар кори вазнин бошад ҳам, майлаш, гӯям, қабул намекунанд. Ҳайронам, чаро ба ман бовар намекунанд?
— Ин кас боби ротаи мо будаанд-дия, — хурсанд шуд старшина, — мо айнан кори вазнин дорем. Қуттии стволхон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё