Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аксари ярадорон сару рӯяшонро печонида мехобиданд.
— Ман дар бораи ҳамаи ту ба Михаил Иванович менависам, — шикоят мекард ярадори тахминан панҷоҳ-панҷоҳупанҷсола, ба коркунони тиб. Барои чӣ бошад, ӯро касе ранҷонад ва ё нуқсоне ба вуҷуд ояд, ҳамеша «Ман ба Михаил Иванович менависам». «Ба Михаил Иванович арз мекунам, онаи ҳамаатро нишон медиҳад» — гуфта фарёд мезад. Сонитар фаҳмем, ки ӯ бо Михаил Иванович Калинин аз бачагӣ дӯст будааст.

Нон бо тезӣ нарм нашуд магар, Иван ба печка ҳезум андохта, вайро муддаои табъ тафсонд. Даруни ҷодар ҳам тафсиду ярадорон оҳиста-оҳиста ба ҷунбиш омаданд. Даҳони ҳалқаи чоғ ҳам кушода шуду ҳазлу шӯхӣ ҳам авҷ гирифт.
— Молодец, дӯстам!
— Қанд зан, бародар!
— Ба қоматат худо барака диҳад!
— Хе, ин тавр нагӯй, баръакс, қоматат пасттар шавад, гӯй.
— Чаро?
— Агар қоматаш аз ин ҳам дароз шавад, ҷодарро ба сараш бардошта меравад, аз хунукӣ мемурӣ.

Аз борони миннатдорию ҳазлу шӯхӣ Иван сурх шуд ва аз рӯи одати худ чизе нагуфт.
Бӯи нони гарм димоғи ҳамаро хоронд.
— Дӯстам, як бурда аз ҳамон нони гармат медодӣ, — илтимос кард шахси калонсол.
— Ба ман ҳам!
— Ба мо ҳам! — гуфтанд ҳама.
Иван ҳайрон шуду чӣ кор карданашро надониста, саволомез ба ман нигарист.
Ман гуфтам:
— Худи ин бечора навакак аз пешқати фронт баргашт. Беҳтар, ки нонҳоятонро диҳед, гарм карда медиҳад.

Ҳама розӣ шуданд. Иван аз як сар нонҳои ҳамаро гирифта гарм карда дод. Ҳар гуна нонро каме болои оташ гузоред, аз нав нарму гарми хӯрданбоб мешавад. Дар хотир дорам, ки дар зимистон оташгиракро ба ду лаби аловдони сандалӣ гузошта, ба болои вай нон мемондем. Як рӯяш, ки гарм шуд, рӯи дигарашро мегардондем. Ҳамин тариқ, ҳамеша нони гарм мехӯрдем.

Вале нонгармкунӣ авҷ гирифту охираш бахайр нашуд. Ҷодарро дуд ва бӯи ғализи нони сӯхта пур кард. Ин фельдшерзан Ҳашкевичро ба хашм овард. Ӯ баробари

пешина
аз 323
навбатӣ