Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
се маротиба вайрон кардам. Ҳамсоям инро фаҳмида, зуд як дона папироси «Казбек» дароз кард.
— Мана, инро кашед. Худам сохтам. Чӣ тавр? Тавонистам?
— Моҳирона сохтед, — гуфтам ба маҳораташ қоил шуда, — қариб аз фабричӣ фарқ намекунад.
— Як гала «Беломорканал» ҳам сохтам. Машғулиятния, дӯстам, машғулият. Вақтро бо ҳамин корҳо нагузаронем, торс мекафем. Ҳайрият, шумо омадед, набошад, як ярадори сернозу нузу сермагал мехобид, аз дилтангӣ қариб девона шуда будам. Суруд хонам, ғурбат, баландтар гап занам, ғурбат, аз ҷоям саҳл ҷунбам ҳам, ғурбат. Холпурсӣ кунам, «ба ту чӣ?» мегӯяд. Ҳатто ба сӯи ӯ нигариста хобам, дӯғ мезанад: «Барои чӣ ба ман нигоҳ мекунӣ? Чӣ? Оё ман барои ту масхара?» Аз якпаҳлӯ хобидан дардам авҷ мегирифт.
Дирӯзакак дар шаҳри Пенза аз поезди санитарӣ фароварда буданд. Маро дар занбари махсус ба автобуси беморкашон оварданд, ки катҳои овезон дораду ярадори ночунбонро бемалол гирифта меравад.
— Ин автобуси кадом госпиталь? — пурсидам аз шофёр, ки ба назарам гарм-гарм менамуд.
— Номери фалон, — ҷавоб дод ӯ эътиборе надода.
— Набошад, ман боз ба ҳамин ҷо фаромадаам.
— Чӣ, аз ин пеш ҳам омада буданд? — бо ҳайрати хушҳолона пурсид шофёр, ба ман наздиктар шуда.
— Ҳа, баъд аз ярадории дуюм аз ҳамин ҷо сиҳат шуда, ба фронт рафта будам.
— Воқеаи аҷоиб-ку. Ҳо, Валентина Петровна, гапи нав! — фарёд кард шофёр ба зани миёнсоли либоси сафедпӯш, ки дари кабинаи автобусро кушода истода буд.
— Чӣ воқеа? — саросемавор омад Валентина Петровна.
— Бин, ин ярадорро мешиносӣ?
— И-е, ту фалонӣ не? Ё худоё!..
Автобуси санитарӣ ба назди бинои боҳашамати шинос рафта истод. Валентина Петровна ва шофёр саросемавор фаромада, дохили бино шуданд. Аз он ҷо гурӯҳи калони ходимони госпиталь баромаданд, ки дар байни онҳо сардор ва комиссари госпиталь ҳам буданд. Монанди он, ки ягон хеши дурафтодаро пешвоз мегиранд, онҳо ба сӯи автобус давиданд.
— Канӣ, кадомаш?
— Канӣ, писари мо?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё