Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бигузор шикамашонро дурустакак сер карда гиранд. Сер нашаванд, мо таоми «гармакак» мефиристем. Фаҳмо?

— Фаҳмо-куя, худи мо кай ношито мекунем? Дар роҳ будем, вақти хӯрокхӯрӣ нашуд, — пурсид Иброҳим, ки дар як даст милтиқу бо дасти дигар суханӣ мехоид.

— Ба назарам «ҷанобашон» ҳанӯз як тир холӣ накарда, гӯсолаи амма барин нон кавша карда истодаанд-ку? — ришханд кард сержант. — Аввал нонро ҳалол карда, баъд арзи шикам кардан даркор. Дар ин ҷо панҷ рӯз ин ҷониб мижа назадаем. Фаҳмо?

— Фаҳмо, — аз гуфтааш пушаймон шуд Иброҳим.

— Ман шӯхӣ кардам. Ҳозир ба шумо ҳам хӯроки гарм меоранд, — гуфт сержант.

— Мебахшед, рафиқ командир, ному фамилияатонро ҳам фаҳмидан мумкин-мӣ? — пурсид ҷавони дар паҳлӯи ман буда.

— Номам сержант, фамилиям командир. Фаҳмо? — ҳазломез ҷавоб дод сержант.

— Ба ҳар ҳол-дия.

— Сержант Иван Назаров. Пурратараш Иван Назарович Назаров. Майлаш номамро гирифта гап задан гир. Ман хафа намешавам. Фаҳмо?

— Ҳе, фамилияи ман ҳам Назаров! Фақат номам дигар: Сангин.

— Оҳҳо, ҳамфамилия будем-ку! Бисёр хуб, — ҳазломез илова кард сержант, — мабодо аз зани дуюми падарам نەбошӣ ту?

— Падари ман дар ҷанги зидди босмачиҳо ҳалок гаштагӣ, — маҳзун ҷавоб дод Сангин.

— Ҳа-а? Ин тавр бошад, мебахшӣ, ҷӯраҷон, ҳазли ноҷо кардаам, — узрхоҳона дасти Сангинро фишурд Иван. — Падари ман ҳоло дар фронти Ленинград. Намедонам зинда ё не. Се моҳ ин ҷониб аз ҳамдигар хабар надорем. Хайр, зинда бошем, мебинем. Хӯш, зан дорӣ?

— Зан гирифтаму баъд аз як ҳафта ба фронт омадам, — гуфт Сангин.

— Ҳе-е, нағз нашудааст-дия. Ман бо як ҷонона ошино шудам. Ҳамроҳ ба фронт омада будем. Ҳозир дар медсанбат хизмат мекунад. Номаш Мария. Худаш духтурча. Париваш. Бо як қошуқ об фурӯ диҳӣ, ба даҳонат ширмоҳӣ барин даромада меравад. Ҳа, ҳавасат омад-чӣ, механдӣ? Зинда монем, дар ҳамин ҷо тӯй мекунем. Тӯи фронтовой! Насиб кунад, ту ҳам садто мезанӣ, фаҳмо?

— Фаҳмо, — хандид Сангин.

пешина
аз 323
навбатӣ