Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар шаб укол қабул мекардам, манфиате намебахшид. Ин аҳвол қариб чил шаб давом кард. Ҳатто асабҳоям ба дараҷае расиданд, ки ҳамхонаҳо баландтар овоз бароранд ва ё донаи доминоро ба рӯи стол сахттар зананд, ҷонам ба лаб меомад. Баъзан ҳамин тавр ҳам мешуд, ки аз рӯ ба рӯям касе гузарад, пои маҷрӯҳам як қад парида, дарак-дарак меларзиду тамоми вуҷудам ба дард медаромад. Маҷбур шудам ду маротиба донаҳои доминои палатаро ба воситаи Маша нест кунонам. Вақте офицерон ҳар дафъа онро аз сари нав пайдо мекарданд.

Оҳиста-оҳиста «ҳавсала»-и дардҳои даҳшатнок пир шуду андак ором гирифтам. Камубеш бо асабагал роҳгардиро ҳам машк мекардам. Аммо Маша розӣ намешуд, ки гардам. «Ҳоло барвақт», мегуфт.

Рӯзе Маша ва ҳамшираи дигар Тамара маро ба занбар хобонида, ба ҳаммом бурданд. Монанди пештара Маша маро аз занбар бардошта, ба дохили ҳаммом даровард ва муддаои табъ шустушӯ намуд. Дар охир ба таги душ курсиячае гузошта, ба болои вай шинонд.

— Акнун ба ихтиёри худам мон, — гуфтам, аз оби мӯътадил ҳузур карда, — ба дилам занад, чеғ мезанам, омада мегирӣ.

Маша дар рӯ ба рӯям нишаста, беором таъкид мекард, ки эҳтиёт шавам.

— Парво накун, — мегуфтам, — ман хеле бардам шудаам.

Аз оббозии мустақилонаи ман гӯё ӯ завқ мекард, аз самараи хизматҳояш лаззат мебурд. Дар лабони зебояш нақши изҳори хурсандӣ менамуд.

Фалокат зада, ӯ назди бемори дигар рафт, ки собуни ба поён афтодаашро гирифта диҳад. Дар ин ҳангом ман аз душ баромаданӣ шуда, бо пои нобуда қадам заданӣ шудаам. Яке аз пои нисфи ба сементи рӯи хонаи ҳаммом бошаст зад, афтидаму ҳаммом чун парраи самолёт гир гир чарх зад ва чашмонамро торикӣ пахш кард.

Баъди як соат ҳушёр шуда, худро дар рӯи столи операционӣ дидам. Маша дар паҳлӯям рост истодааст.
Чашмонаш сурх, қавоқҳояш варам, сараш ҳам. Комиссари госпиталь, духтурони хурду калон ӯро сарзаниш мекунанд. Гунаҳкори бегуноҳ ғайр аз «ман гунаҳгор» чизе нагуфта, беором бо рӯймолчааш ашки аламу оби бинӣ пок мекард. Ба забон омадаму зорӣ намудам.

— Беҳуда Машаро ҷанг накунед, худи ман гунаҳгор.
— Имрӯз шуморо афтонад, фардо каси дигарро?—

пешина
аз 323
навбатӣ