Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
ё не, фаҳмида намешуд. Дуди ғафсу ғализ димогашро сӯзонд магар, Мария кӯтоҳ-кӯтоҳ сулфида, рӯй тофт.
— Рафиқ капитан, шумо ҳамин ҷоед? — пурсид Мария худро тез-тез бод карда истода.— Бай-бай-бай, ин чӣ бало?
— Чӣ, гурехт гуфта тарсидӣ? — бо овози ғафси ларзон ҷавоб дод капитан.
— Охир, шуморо надида истодаам. Чунон дуд кардед, ки...
— Чӣ кунам? Ангишт нест. Қоғаз, хасу хошок сӯхтам. Охир, аз тири душман намурда, аз хунукӣ мурам?
— Хе-е, як халта тамоку кашидам гӯед?
— Ин гапат ҳам рост.
— Салом, рафиқ капитан! — даст ба чакка бурдам.
— Салом. Маҳорка дорӣ? — пурсид капитан ва шӯхномез илова кард: — Ин Мария маро ба гауптвахта овардагӣ.
— Ҳеҷ гап не, дам мегиред, — гуфт Мария маҳоркаро аз кисаи ман гирифтаю ба капитан дароз карда истода. Баъд ба кашидани шинели ман ёрӣ расонд.— Бечора аз дасти чапаш захмдор шудааст.
— Ҳеҷ гап не, бо пои худаш омада бошад, одами хушбахт будааст. Аз они ман ҳам сабук. Фақат ин Мария воҳима мекунад, — ба Мария рӯ овард капитан — Тезтар аз паяш шаву баъд маро гусел кун. Як рӯзи дигар истам, торс мекафам.
— Вақту соаташ мерасад.
Мария бо чаққонии том захмҳои маро дору кард, докапеч намуд. Баъд ба шинельпӯшии ман ёрӣ расонд.
Сонӣ дастамро бо дока ба гарданам овехта гуфт:
— Яраатон хавфнок не, баъд аз понздаҳ-бист рӯз боз ба қатор медароед. Ба ҳар ҳол эҳтиёт кунед, шамол нарасонед. Дуруст?
— Хуб.
— Акнун гӯед, аз кадом ротаед?
— Рости гап кадом рота буданашро намедонам.
— Шумо чӣ хел аскар, ки аз кадом қисм буданатонро намедонед?
— Шояд аз осмон фаромада бошад? — хандид капитан.
— Мебахшед, рафиқ капитан, — узрхоҳӣ намудам,— мо нисфи шаб расида омадем. Дина эшелонамон зери бомбаборон монда буд. Зиндамондаҳо ба ин тараф пиёда омадем. Омадему ба окоп даромадем. Фурсате нагузашта ҷанг сар шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё