Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
ҷанг қаҳрамон нашуда намемонад. Мегӯянд, ки майор шудааст. Командири полк мешудааст.
— Меарзад, — гуфтам. Хатро ба Мария супурда, сӯи палатаи дуюм рафтаний шудам. Мария Фёдоровна аз китфам дошт:
— Исто! Саросема нашав. Ман рафта, яраашро аз нав мебандам. Ту назди ошпази калон рав. Хӯроки гарм таъин кардам. Гирифта биё. Бо садта-садта мешуём. Нағз-мӣ?
— Олиҷаноб!..
Навакак барфи ҳардамхаёл монда, абрҳои бадхайбат пароканда шуда буданду офтоби нимҷон Марияи соҳибҷамолро бо дақиқаҳои хушнудӣ табрик менамуд. То ман аз ошхона баромадам, аллакай ҳавои бевафо ҷомаи сиёҳ пӯшидааст. Шамоли сард барфҳои боми палатаҳоро ба ҳар сӯ пош медод, ярадорони дар берун буда худро ба палатаҳо мезаданд, ҳамшираҳои тиб аз ин сӯ ба он сӯ медавиданд. Гурриши торафт баланд шудаистодаи самолётҳои душман ҳамаро хавотир мекард.
— Воздух! — касе фарёд кард баробари шунидани бонги изтироб.
Ман гумон карда будам, ки шояд самолётҳои худамон ба ёрии қӯшунҳои пешоҳангамон мераванд. Афсӯс, ки гумонам нодуруст баромад. Нафасе нагузашта, ду бомбаандози фашистӣ тухми аҷал кошта рафт, замину замон ба ларза омад.
— Сагони девонашуда, қоидаҳои байналхалқиро риоя намекунанд! — гиряолуд фарёд кард ошпази калон.
Зиндаю саломатмондаҳо фавран сӯи палатаҳои адою абгоршуда шитофтанд. Ман ҳам дегчаи карамшӯрборо ба сӯе ҳаво додаму ба тарафи палатаи дуюм давидам. Рафтаму... қариб дилкаф шудам. Одами зинда ба назарам нанамуд. Ҳама оғуштаи барфу хоку хун!.. Аранг-аранг шинохтам, ки Марияю Иван чун токи баҳам печида ҳамдигарро ба оғӯш кашида, абадӣ чашм пӯшидаанд. Қаҳру ғазаб вуҷудамро ба ларзиш овард.
Бо ҳамин қаҳру ғазаб боз рост роҳи хати якуми фронтро пеш гирифтам.
САЛИМИ САДКОРА
Ӯ ҷавони паҳлавонпайкар, солиму бардам, ҳазла- шу ҳазлбардор буд. Дар полк ӯро Салими Садкора ме- номиданд. Коре набуд, ки ӯ надонад ва моҳирона ба ҷо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё