Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

хандид Йӯлчӣ Бобоев.— Аз ҳама зарураш фронт, уқочон. Душманро зада нобуд кардан лозим. Бигузор ин тарсончакҳо дар ин ҷо монанд, мо меравем. Ҷанг кардан ҳунари ҳар кас не. Шербачаҳо мераванд ба фронт.

Ҳамин тариқ, Муҳаммадҷону Аҳмадҷон ҳамеша ҳамдигарро дар тарсончакӣ таъна мекарданд. Аҳмадҷон ба шунидани воқеаҳои даҳшатангез тобу тоқат надошт, Муҳаммадҷон ҳатто аз сояаш метарсид.

Аксар рӯз то бевақт машғули кор мешудем. Аммо Муҳаммадҷон аз кор барвақт барояд ҳам, аз атрофи редакция дур намерафт. Ӯ мунтазири ман мешуд, ки кай ба саҳифаҳо имзо мегузораму ҳамроҳи ӯ меравам. Зеро торик, ки шуд як қадам берун баромада наметавонист.

— Уқочон, аз мо як куттӣ «Казбек»,— илтиҷо мекард ӯ,— маро ба ҳавлӣ бурда мон. Майлаш, то тамом шудани қорат мунтазир мешавам.

Ман ҳар шаб ӯро ба маҳаллаи Таги тути калон бурда мемондаму баъд худам ба Сойча ном деҳа, ки се километр дур аз Таги тути калон буд, бо роҳи хилват мерафтам...

Аҳмадҷон мехост боз ким-чиҳо гӯяд. Аммо Муҳаммадҷон бо як ҳаракати мутакаббирона мӯйи то болои чашмонаш овезон шударо ақиб партофту пешонаи васеашро яла карда, бо оҳанги фармонфармоёна гуфт:

— Хез, аз ҷоят! Бо ту лейтенант Нурматов гап мезанад!

Ҳама қоҳ-қоҳ хандиданд. Аҳмадҷон ҷаста аз ҷояш хесту бо табассум як дасташро ба рӯи қафаси дил ниҳод, таъзим кард ва коғазеро ба Муҳаммадҷон супурд.

— Марҳамат, рафиқ лейтенант, аскари қаторӣ Аҳмадҷон Муҳаммадҷонов ба иҷрои фармон тайёр! — гуфт ӯ, бо одоби ҳарбӣ даст ба чакка бурда.

Муҳаммадҷон сатрҳои дар рӯи коғаз акс ёфтаро бо овози баланд хонд. Вай аризае буд, ки Аҳмадҷон ба номи комиссариати ҳарбӣ навиштааст. Хоҳиш намудааст, ки ӯро ба фронт фиристанд. Муҳаммадҷон ба соҳиби ариза маънидорона нигоҳ карда монд.

— Ҳа, акнун қоил шудӣ? — пурсид Аҳмадҷон бо ҳазл аризаро аз дасти Муҳаммадҷон гирифта. — Канӣ, мӯҳтарам лейтенант, кадоми мо тарсончак?

— Ҳоло ариза дар дасти ту, ҷӯраҷон. То онро дида мебароянд, камина рафта, сари садта фрицро себча барин канда мепартояд, — бо фахр гуфт Муҳаммадҷон дуди папиросашро фаввора занонда.

пешина
аз 323
навбатӣ