Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мебинем, кӣ пештар меравад!
— Мебинем!

Оре, кӣ намехоҳаст, ки тезтар ба фронт равад, душмани ғалдорро торумор карда, вазифаи граждании худро бо сарбаландӣ ба ҷо орад? Ҳа, дӯстон, ҳама барои муҳофизати Ватани маҳбуби худ тайёр буданд.

Қисме аз ходимони рӯзномаи мо аллакай ба фронт рафта, ба ҳар каси монда вазифаи чанд кас бор шуда буд. Аз ин рӯ, мебоист то бегоҳ сар аз кор набарорем. Кошки ҳавои дилфивори моҳи август намебуд! Кабинет дам шуда, бӯи ғализи ҳаммомро ба хотир меовард.

Ман тирезаро яла карда, хостам ҳавои тоза гирам, арақҳои сару рӯямро хушконам. Дар берун насими ниҳоят фораме мевазид, ки шохаҳои нозуки сиёҳбедро беозор меларзонд. Ман гиребони куртаамро во намуда, сару рӯямро ба шамол медоштам.

— Оҳҳо, маншати фронтчиро бинед! — қоҳ-қоҳи гурӯҳи одамон баланд шуд. Рӯ ба сӯи ханда тофтаму дар лаби ҳавз ҷӯраҳои колхозиам Эргаш Назар, Иброҳим Раҷаб, Акрамшеҳ Бобошеҳ, Шариф Саид ва агроном Иброҳимовро дидам, ки роҳаткунии маро дида, ба завқ меомаданд.

— Қанд занед-е! Боз шон ба фронт мерафтаанд...

— Чӣ хел шамол паронд? Канӣ, марҳамат! — онҳоро ба идора таклиф намудам.

— Мебахшед, вақт надорем. Ба фронт рафта истодаем. Омадем, ки бо шумо хайру маъзур кунем, — гуфт Эргаш Назар.

— Шунидем, ки шуморо ҳам чеғ задаанд. Бисёр хурсанд будем, ки ҳамроҳ меравем. Аммо... — табассум карда монд Иброҳим Раҷаб.

— Аз авзояш маълум не барин-ку, — хандид Акрамшеҳ, — бемалол фарогат карда нишастаанд.

— Кошки ҳамроҳ мерафтем, — гуфтам ман.— Маро чеғ зада бошанд, чаро ба ман хабар надодетон?

— Ба шунидам, — ба гап ҳамроҳ шуд агроном Иброҳимов, — аз райком гапзанон карда, шуморо брон карданий шудаанд. Шояд барои ҳамин хабар надода бошанд. Охир, шумо муҳаррири газета ҳастед. Бе газета ҳам намешавад.

— Ҳе-е, ако, имрӯз набошад, фардо меравед, — ба гап қатӣ шуд Шариф Саид, — нағзаш, биёед ҳамроҳ равем. Ошноҳои дерина. Ҳамаамон аз як деҳа. Хандаву бозӣ карда меравем.

— Бисёр нағз мешуд-ку...

пешина
аз 323
навбатӣ