Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
— Тирпарронии дутарафа авҷ гирифта истодааст. Мебахшӣ, Анварчик. Ман бояд зуд равам. Хайр, дӯстам, фурсат ёбам, боз омада хабар мегирам...
Аз байни як моҳ гузашт. Субҳи барвақти нуздаҳуми ноябр ҷанговарони мо ба ҳуҷум гузаштанд.
— Ба пеш, барои Ватан! — фарёдкунон дар сафи аввал мерафт лейтенант Фёдоров. Ҷанговарони взвод аз сангарҳо ва садди душман гузашта, палангвор ба душман дарафтоданд. Худи Фёдоров дар як даст автомат, дар дасти дигар таппонча ҷанговаронашро аз паси худ мебурд. Ногоҳ дар паҳлӯяш мина таркиду ӯро аз по афтонд.
— Рафиқ командир! — касе омада ӯро аз бағалаш бардошт ва ба қафо кашола кард. — Рафиқ лейтенант, ин манам! Анвар!
— Ҳа, Гурезпо, боз гурехтӣ? — лаби худро андак ба табассум моил карда пурсид лейтенант ва тез-тез нафас кашидан гирифт.
— Не, ман нагурехтаам, сиҳат шудам, — гуфт Анвар. — Зуд бошед. Ман шуморо ба медсанбат мебарам!
— Ба ман корат набусад, худашон мебаранд, — автоматашро ба Анвар дароз кард командир. — Ма, зуд дав, взводро гирифта пеш бар, дӯстам! Тезтар бош!
— Итоат, рафиқ лейтенант, взводро ба пеш мебарам! — Анвар «Ба пеш, барои Ватан!» — гӯён ба пеши взвод гузашт. Взвод душмани ба воҳима омадаро таъқибкунон торафт пеш мерафт.
— Зинда бош, Гурезпо! — овози пасту ларзон, вале хушҳолонаи лейтенант Фёдоров аз байни шабохуни ҷанговарон базӯр шунида мешуд.
ТОҚИИ ИСФАРА
Истгоҳи роҳи оҳан хеле серодам буд. Мардуми либосҳои рангбаранг пӯшидаи серташвиш, ҳарбиёни сертарадуд, рафтуои беисти паровозҳо, барофарои одамон ба вагону аз вагон як манзараи ғайриоддиро ба хотир меовард. Ба замми ин гур-гури самолётҳо хотири мардумро парешон месохт. Гоҳ-гоҳ овози самолёти душман ба гӯш мерасиду овози нохуш ва дилгазони бонги хатари ҳавоӣ ҳамаро ба ҳандакҳо ҷо мекард. Дере нагузашта оромӣ эълон мегашту мавҷи одамон аз сари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё