Зеҳн
Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Кӣ? Душманкӯбиро минбаъд аз ман тамошо меку-нед, — тасмаашро тарангтар кашида монд Офат.
— Дар бедорӣ ё дар хобат? Дар хоб ҳар кас ҳам Су-воров шуда метавонад, — ришханд кард старшина.
— Кӣ медонад, шояд рафта-рафта лашкаркаши бу-зург шуда равад, — гуфтам.
— Он вақт ман худамро меовезам, — бо оҳанги ҳазл гуфт старшина.
— Илтимос аз феълатон гардед, ҳоло шумо ба фронт даркор.
Ҳар се коҳ-коҳ хандидем...
Офат хеле монда шуда баргашт. Хоб кун, дам гир, гуфтам. Қабул накард. Ба рӯбучин машғул шуд. Лекин калавида-калавида роҳ мегашт, беихтиёр чашмашро ме-пӯшид. Маҷбур кардам, ки камаш як соат дам гираду та-мом. Бо либосаш, амонат якпаҳлӯ зада хобид, ҳамоно хуррок кашид.

Ним соат гузашт ё не, овози дупӯстан старшина ба гӯш расид. Дар як даст консерви гӯштин, дар дасти дигар кружкаи ба қоғаз печонида меомад ӯ. Аз рӯи одати худ, ҳанӯз ба дари заминкан наздик нашуда дӯгу даранг сар кард:
— Канӣ, ту, ҳой офати ҷон?!
— Оҳистатар, — бо дастам ҳам ишора кардам, ки халал нарасонад, — навакак хоб рафт. Монед, камтар дам гирад.
— Э, хоб-а? Бало! Ҳозир вақти хоб магар? — аз шасташ нафаромад старшина, ки табъаш хеле равшан буд. — Ба ин чин ҳам намезанад! Хез, аз ҷоят!
— Охир, нисфи шаб рафта буд. Раҳм кардан даркор.
Офат ҷаста аз ҷояш хесту саросемавор даст ба чакка бурд. Старшина коҳ-коҳ хандид.
— Вольно!.. Чӣ, маззаат гурехт?
— Не, камтар...
— Фаҳмо. Аз хоб мондай. Ҳеҷ гап не. То аз баҳри хоб набарой, фронтчии ҳақиқӣ намешавӣ. Фаҳмо?
— Фаҳмо.
— Даҳ дақиқа хоби фронтӣ ба як соат хоби замони осоишта баробар. Ҳамту не, рафиқ лейтенанти калон? — ба ман рӯ овард старшина консервро ба рӯи мизи муваққатӣ монда. — Ман фақат дар ҷои нишастам мехобам. Кифоя. Мебахшед-дия, як инро хурсанд кунам гуфта...
— Бемалол, — гуфтам нафсаш накоҳад гуфта. Старшина бо чакконӣ консерваро кушод, кружкаи пур аз майро ба Офат манзурат намуд.

пешина
аз 323
навбатӣ