Ҷоҳкан зери чоҳ

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, воқеаҳои таърихӣ ва иҷтимоиро тасвир мекунад. Муаллиф дар он масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва ҳаёти ҷомеаро баррасӣ намудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 323 саҳифа
заминкани вайронае ёфтанд. Бомба ӯро бо хоки бисёр бардошта, ба ҳамон ҷо ҳаво дода будааст. Хушбахтона, ягон ҷояш захмдор нашудааст. Фақат забону гӯшҳояш карахт буданд.
Ин ҳодиса дар моҳи майи соли 1942, дар самти ҷанги Изюм-Барвенко рӯй дода буд. Аз ин воқеа ҳафт моҳ гузашт. Ана, мо акнун дар яке аз госпитальҳои саҳротии фронти Сталинград паҳлӯ ба паҳлӯ мехобем. Ҳар ду ҳам бори дуюм ба госпитальҳои ақибгоҳи дур хоҳем рафт.
— Баъди ҳамон воқеа қариб се моҳ бекому забон хобидам. Охир, гуфтанд, ки туро аз госпиталь ҷавоб медиҳем. Вале ба қисми дигар мефиристем. Дар ақибгоҳ хизмат мекунӣ. Дар армияи амалкунанда не.
— Чаро? — пурсидам дилтанг шуда.
— Гӯшат вазнин, забонат мегирад. Ба ин наздикӣ пештара барин намешавӣ, гуфтанд.
— Не, ман боз ба қисми худам меравам, — гуфтам.
— Мумкин не, — гуфтанд, — кай тамом сиҳат ёбӣ, аз нав комиссия карда, баъд фиристодану нафиристоданро ҳал мекунанд.
— Ман ба ин розӣ нестам, — хафа шудам аз онҳо. — Маро ба қисми худам мефиристед. Шумо нафиристед, худам меравам.
— Шумо офицер ҳастед, интизоми ҳарбиро аз мо нағзтар медонед, — насиҳат сар карданд духтурон. — Агар лоиқ шавед, ба ризояти шумо ҳам наменигаранд. Замони ҳарбӣ. Ҷанг. Беҳтар, ки дар ақибгоҳ истода, барои ғалабаи ҳамсарангҳоятон кадрҳо тайёр кунед.
— Аз шумо илтимос мекунам, — маҷбур шудам тавалло кунам, — барои кори сабуктар бошад ҳам, ба қисми худам фиристед. Ман дар назди ҳамсарангҳоям забонкӯтоҳ ҳастам. Мехоҳам, ки бо ягон корнамоие гуноҳи худро шӯям.
— Чӣ гуноҳ доред? — хавотиромез пурсид як духтури калонсоли айнакӣ.
Дигарон ҳам ба ман бо ҳайрат нигаристанд.
— Гуноҳи калон, — гуфтам.
— Масалан? — боз пурсид духтури айнакӣ.
— Ин сирри ҳарбӣ, — гуфтам, ки авзои ҳамаи онҳо дигар шуд. Баъд узри бадтар аз гуноҳ нашавад гуфта, боз кушод гуфтам: — Медонед, ман бештар аз як моҳ дар пешхатти фронт гашта, ягон корнамоие нишон надодаам. Аммо ба модарам, хешу ақрабо навиштаам, ки душманро то дар лонаи худаш зада торумор карда, хуни падарамро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё