Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Ҳар қадар одамонро омӯхтам, ҳамон қадар нисбаташон нафрат пайдо кардам. Барои дагалӣ узр мепурсам, аммо ин нафрат сабаби худро дорад. Як сабабаш чунин аст.
Дар тӯли умри беш аз ҳафтодсолаи худ ба касе некӣ кардам дар ҷавоб бадие дидам. Сабаб чист? Чаро инсоният ба некӣ бадӣ ҷавоб мегардонад? Ман ҷавобе ёфта натавонистам. Шояд шумо хонандагон ҷавобе мегардонед.
Ҳошим ГАДО:
ОДАМИНЗОД
Аз нафаре пурсидам, ки дар тарафҳояшон сафедӣ ҳаст:
-Нест, мо сафедӣ надорем, -гуфта ҷавоб дод.
Талбанда табъи дорандаро хира мекунад.
Ба дари доранда бо савготиҳо дарой, бо табассуми амрикой пешвозат мегирад.
ДАР ОЛАМИ ВУҲУШ
Ҳайвоне чун меваеро чашиду маъқул нашуд пушт ба пушти худро тавсия медиҳад, ки аз он мева naxӯранд. Инсон чӣ? Ҳама аз Момоҳаво оғоз шудагӣ. Момоҳаво онро итоат накард ва аз донаи гандум хӯрд ва Бобои Одам ҳам дод. Баъд чӣ шуд? Баъд ҳарду аз биҳишт ронда шуданд. Садқаи биҳишт гаштагон ронда шудаанд ва дар Замин то ин замон азоб мекашанд. Аз ин ҳодисаи Момоҳаво солҳои бешумор паси сар шуданд. Одамизод магар беҳ шуд? Баръакс боз бадтари бадтар шудааст. Ин гуфтаҳоро бо далел исбот мекунам. Одамизод бо маризӣ, бо айбу гуноҳ меояд ва бо ҳамин ҷурм дунёро тарк мекунад. Одати бадтарин хариду фурӯш аст. Ин дар ҷамъият зарур аст, лек аз рӯи виҷдон, хариде ки субҳ то шом фиреболудан аст, ба касе лозим нест. Фурӯшанда нияти фурӯши моли худро дорад ва ба ҳама кор қодир аст. Фаромӯш макун, ки ҳаққи мардумро хӯрдан ҷавобу суоле дорад. Ай савдогар, аз Худо битарс. Савдо бикун, аммо инсофу Худоро фаромӯш масоз. То он дунё вақти зиёд аст, ҷавоби амалатонро дар ин дунё хоҳед дид. Бо гӯшҳоятон хоҳед шунид, чашмонатон шоҳид мешаванд, ки чӣ азобе ба қавму оилаат мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё