Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дафъаи саввум дида чизе нагуфт.

Ин бинанда кӣ буд? Ӯ дар сар бо ин рафтор чӣ ақидае дошт? Ин муаммои дигар аст.

Ҳар як инсон намуди зоҳириву ботинии худро дорад. Иштиҳо дорад, ки ҳамеша хӯрдани мехоҳад. Ин чист? Ин дохили ӯст?

Ақидаҳо аксари вақт кӯҳна мешаванд, аммо одамон ақидаҳои кӯҳнаро дӯст медоранд. Чаро? Зеро дар роҳи кушода роҳ рафтан осон аст.

Ҳанӯз ҳам худро дар чорроҳаи зиндагӣ танҳо мебинем. Намедонам бо кадомин роҳ гом занем. Хайр ҳарчӣ бодо, бод роҳеро интихоб намудам.

Қонунҳо бешуморанд, аммо барои ишқу ошиқӣ то ҳол қонуни аниқе нест.

Дар мубориза ту метавонӣ худро биёбӣ, агар сарро ҳам карда «лаббай» бигӯӣ.

Пеш аз оне ки ба водии хомӯшон сафар кунам, дарк намудам, ки сода ва хом будаам. Инро вақте дарк намудам, ки хеле дер шуда буд.

Ҳарчӣ бодо бод. Танҳо ба пеш бо кӯмаки Худо!

Худоё, медонам, ки маро мешунавӣ ва хоҳишам ҳамин, ки маро танҳо магузор.

Ҳамқадаҳе аз дигаре пурсид, ки кадом маргро интихоб мекунад:
Дар оташ сӯхта мурӣ?
Арақ нӯшида мурӣ ё дар бистари беморӣ?
Росташро гӯям, умуман мурдан намехоҳам, — ҷавоб дод шарикаш.

пешина
аз 213
навбатӣ