Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
иҷрокунандагони нақшҳо соатҳои тӯлонӣ баҳс менамуданд ва дилашонро хун намуда мефаҳмонданд. Саҳнаи театр бо шукӯҳу шаҳомати худ, ки аз завқи баланди оришгари он ва режиссёри басаҳнагузоранда дарак медиҳад, дар ҳақиқат ба назари тамошобин қасри шоҳро мемонд. Дар намоиши мазкур симои Рӯдакиро на танҳо чун шоир, балки чун ҳофиз, файласуф ва ситорашинос дарёфтем. Нахустин бор дар саҳна дӯстдоштаи шоир Нигина низ на танҳо шеър мехонад, инчунин суруд мехонад.
Устод Ҳошим Гадо имрӯзҳо ба навиштани асарҳои насрӣ пардохтааст. Китобҳои нодири ӯ «Кунҷ», «Танҳо», «Асо», «Я» ва «Кометы» гарчи бо теъдоди кам рӯйи чопро дида бошанд ҳам, пурарзишу хонданӣ ҳастанд.
Инак асари ба тозагӣ эҷодгардидаи устод бо номи «Ҷонбӯз» нашр гардида, ба дастамон расид. Ин китоби пурарзиш иборат аз чакидаҳои хомаи устод, ки вақтҳои охир дар нашрияҳои даврӣ чоп шудаанд, буда фикру ақидаҳои устодони бузург дар хусуси ҳунару эҷодиёти Ҳошим Гадоев низ дар он дарҷ гардидааст. Ба бузургмашрабӣ нигоҳ накарда устод Ҳошим Гадо як нафар марди оддию хоксор ва заминист ва наметавонад карру фарро ба худ раво бинад.
Мо устодро бо нашр шудани ин китоби наваш аз номи аҳли эҷоди «Чархи гардун» сидқан таҳният гуфта, ба эшон комёбиҳои тоза ба тозаи эҷодиро таманно мекунем. - Шаҳрбону Тошева
Ҳошим ГАДО:
БЕҲТАРИН
Дар ҳар аср, як гирдбоде ё як обхезе ё як заминҷунбие ба амал меояд. Ин офатҳои табиат аз чӣ сабаб рӯй медиҳанд? Аз сабаби он, ки одамон аз меъёр бешармтар мешаванд, аз меъёр дурӯғи зиёд мегӯянд.
Дар байни одамон на шарм, на ҳаё, ҳеҷ чиз намемонад. Ана баъди ин нағмаву усулҳои одамон ӯ ба қаҳр омада, ба тифлон аз худ рафтааш ба замин гирдбодҳо, обхезҳо, заминҷунбиҳо ва ғайраву ҳоказо барои ҷазояшон равона мекунад.
Ин обхезиҳо, ин заминҷунбиҳо, ин офатҳо аз ҷониби ӯ барои он равона карда мешаванд, ки одамон шарму ҳаё,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё