Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҷавонон ҳамеша дар даву тозанд. Онҳо парвои пирӣ ва маризӣ надоранд. Ҷавонӣ ҳамеша бо орзую ҳавасанд. Пирон барбакс, онҳо бо ёдоварии ҷавониашон мезиянд.

Содагӣ дар тифлӣ бештар аст? Ё ин ки дар пирӣ? Ту бидон, ҳамин ки пир шудӣ, ту боз ба ҳолати тифлиат бармегардӣ. Ин гамангез аст, вале илоҷи дигаре нест.

Аз ҳама ҳолатҳо, аз ҳама муборизаҳо ва ҷангу заданҳо гурехтани ??? ҳаст. Вале афсус, ки аз марг то ҳол аз аввали дунё то ҳозир гурехта натавонистанд.

Барои баъзеҳо барои ба орзуяшон бирасанд, барои ин ашҳосон роҳҳои бешумор вуҷуд доранд, вале онҳо намедонанд, ки ин 1000 роҳи интихобкардаашон роҳи нодуруст буд. Вале афсус, ҳазорон афсус, ки онҳо намедонанд, ки роҳи ҳақиқат фақат яктост, ягона аст. Беҳтар буд, ки ӯ мушкил ва душвор аст. Лек роҳи ҳақро интихоб бикун.

Пул дорӣ? Мактаб дорӣ? Дар байни мардум обрӯ, иззату эҳтиром дорӣ!
Пул надорӣ? Мансаб надорӣ? Пас... дар байни мардум иззату эҳтиром надорӣ. Ин фикри ман шояд баҳсталаб аст?

Дардманд дардмандро мефаҳмад ё ин ки дарк мекунад.

То оне, ки ту ба дарду ғам гирифтор нашавӣ, ту ҳеҷ гоҳ дардмандро намефаҳмӣ.

Танбал ҳеҷ гоҳ ба қуллаи орзу, мақсадаш намерасад.

пешина
аз 213
навбатӣ