Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Нақши вазир Балъамӣ дар иҷрои Фирӯз Умаров на чун шахси хирадманд, фозил, балки мисли марди андак дилтангу туршрӯ, вале хайрхоҳ ба назар расид.
Носир Ҳасанов дар симои нахуст шоири дарбор адиберо нишон дод, ки рашки эҷодҳашро пинҳон медорад, вале ҳангоме, ки ба истеъдоди баланди Рӯдакӣ тан медиҳад, вай ба таҳқири бераҳмонаи ҳокимони нав нисбати нобиға тоқат оварда натавониста ба газаб меояд. Аҳмадшо Улфатшоев ҷаҳони маҳдуди амалдори маърифатбезор Саҳл бинни Мансурро таъкид намуд. Дар байни як қатор иҷрокунандагони нақшҳои хурд Муҳаммадӣ Мирзоалиев (маҷ), Асалбек Назриев (Ҷунайд) беҳтаранд.
Ҳамаи ҳунарпешагони сершумори намоиш, агар ҳар кадоме ба ғайр аз талаффуз намудани матн, нишон додани баъзе сифатҳои қаҳрамон боз дар зоҳир (тарзи ҳаракат, имову ишора, равиш...) ва ботин обу ранг, тобишҳои гуногун, хусусиятҳои тозаи ҳоло ногуфтаи қаҳрамононро ба даст меоварданд, бадеият меافзуд, диққати тамошобин зиёдтар ҷалб мегардид.
Мусиқӣ нисбат ба ду намоиши пештараи «Рӯдакӣ» васеътар истифода бурда шудааст. Нигина, Рӯдакӣ гоҳ месароянд, кайфияти хешро баён мекунанд. Мусиқии симфонии оҳангсоз Т. Шаҳидӣ маҳин, зебо садо медиҳад, ҷаҳони беолоиши қаҳрамононро қувват мебахшад. Аммо баъдтар чунин мусиқӣ гум мешавад. Василаҳои интихобнамудаи оҳангсоз дар саҳнаҳои бархӯрди шадид таъсири зиёд пайдо накардаанд.
Бозгашти сеюми «Рӯдакӣ» баъзе пешравиҳои театри ба номи Лоҳутиро зоҳир намуд, аммо дар баробари ин суст шудани маҳорати ҳунармандони онро ошкор сохт. Ин дар нарасидани нияту мақсади амиқ, боэътимодии баланди бадеӣ, ҷиддият дар интихоби услуби басаҳнагузорӣ мушоҳида гардид.
Низом НУРҶОНОВ,
доктори илмҳои санъатшиносӣ
Ҳошим ГАДО:
БОТЛОҚЗОРЕ БУД
Он ҷой аввал пур буд, ҳоло тамоман холист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё