Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва чаро рӯзноманигорони «Азия-плюс»-ро ба ҳаваскорӣ таҳқир бояд кард? Шояд он навтаъсис аст, вале кормандонаш ку нав нестанд? Ин ҳама оё кӯшиши бе нафаси тоза гузоштани тамошобин нест?

  1. «Вохӯрӣ бо Рӯдакӣ дар вуҷуди ин нозанин (Нигина — З.А.) бедории рӯҳ намеорад. Коргардон бо ҳунарпешагони нав кам кор кардааст» — меоварад муаллифи тақриз. Аввалан, Нигина Чулетпай наврас нест, ки биҷӯшад, Нигина сагиршуда аз чандин ҳаллочии зиндагӣ гузаштаасту ба синну соли тамкин расида. Занҳои мо танҳо баъди Инкҳоби Октябри ба ин ҷо кӯчида аз караҳтӣ ва яхбастагии асрмиёнагӣ ба ҷунбиш ва ба обшавӣ даромаданд ва обшавӣ ҳанӯз давом дорад. Дар мо расму ойинҳо ва одоби даркору нодаркор чунон сахт часпидаанд, ки агар духтару занони моро бо занону духтарони ҳатто Афғонистон муқоиса кунед, нофаъолтар метобанд. Бо ин ҳама, ҳунарпешагони аз ҷанги шаҳрвандӣ рӯидаи «Рӯдакӣ»-и навро бо аввалин нақшҳои ҳунарпешагони инқилобзодаи пешина бояд муқоиса кард, то аз баҳои воқеӣ дур наафтем.

  2. Нақши вазир Бальмӣ низ табиӣ баромадааст ва ҳамдилнашро бо Рӯдакӣ рӯшан намоиш медиҳад, якравии шоҳу ҳамсари худро ба як тарозу мемонад ва ин ба ҳақиқат наздиктар аст. Бори вазнинтаринро вазирон мебурданд. Хосса ки хирадманд бошанду дар хона низ ба сабаби ҳамсари якрав беосоиш, чӣ гуна рӯтурш набошанд.

  3. Боре «Шоҳнома»-ро ба хотир биёрем, ки Анушервони Одил ба он ҳама дониш, ҳикмат ва чораҷӯйҳои чашмхиракунанда сари як хашм Бузургмеҳрро ба зиндон партофт...

  4. Ба андешаи ман нақши Нӯҳро Шералӣ Абдулкайсов хеле хуб бозид, ки муаллифи мақола аз ӯ ҳатто ном набурдааст. Нӯҳ аллакай ба доми таАССУбИ муллоҳои дарборбоз афтода буд ва ҳар кас ба ин дом афтод, ҳамин гуна ситезахӯ ва девонатабъ мешавад. Ҳис чунон баланд аст, ки аз даҳонаш ба ҷои сухан оби даҳон мепарад. Исмоили Сомонӣ динро аз давлат ҷудо карда буд. Вақе мутаассибон Нӯҳро тарбия карда, аз қафои ӯ боз ба дарбор даромаданд ва аз дарун оғози шикасти давlати Сомониёнро ниҳоданд. Ин маъnӣ дар саҳна рӯшан рӯ зад.

  5. «Аммо баъдтар чунин мусикӣ (махину зебо — З.А) гум мешавад. Василаҳои интихобнамудан оҳангсоз дар саҳнаҳои бархӯрди шадид таъсири зиёд пайдо накарадаанд» -гуфтааст муаллифи мақола. Шояд оҳангсози баландмартабаи мо Толиб

пешина
аз 213
навбатӣ