Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

ибрози андешаҳои «шаккокона» зимни муроҷиа ба Худо, дафъатан пораи шеъриеро ба ин маъни, ки «чӣ об ҷӯям аз ҷӯйи хушки юнонӣ?» қироат мекунад, ки таъсири ин саҳнаи муассирро то ҳадде коҳиш додааст.

Ба назари ин ҷониб аз бузургтарин муваффақиятҳои спектакл, саҳнаи фош шудани тавтиаи дарбориён дар амри барканории Оли Сомон ва ба ҷойи Наср бар тахт нишастани писараш Нӯҳ аст. Ин саҳна низ, ки дар асли намоишномаи устод Улуғзода нест ва онро роқими ин сутур бо ҳидояти Ҳошим Гадо дар асоси «Сиёсатнома»-и Низомулмулк ба қалам овардам, конфликти спектаклро ташдид дода ва ба яке аз саҳнаҳои ҷолибтарини он бадал шудааст. Дар ин саҳна бозии Қурбони Собир (Наср) хеле хотирнишин ва табиӣ аст ва агар Шер Абулқайсов (Нӯҳ) ҳам метавонист, то ҳадде эҳсосоти худро фурӯкаш намояд, то ки суханонаш ба дурустӣ шунида бишавад, албатта, саҳна боз ҳам беҳтар ва тамошоитар мешуд.
Қодири РУСТАМ, нависанда

Ҳошим Гадо бо драмаи «Рӯдакӣ» шӯҳрати пешинаи театрро аз нав барқарор кард. Намоишнома ба ман хеле писанд афтод. Ман Ҳошим Гадоро шоҳи саҳнаи тоҷик мешуморам.

Воқеан, Ҳошим Гадо бо иқдоми нави худ ба ҳаргуна таърифу тавсиф меарзад.

Хеле дуруст гуфтанд, ки ӯ бо драмаи «Рӯдакӣ» театрро дубора зинда кард. Диққати тамошобинонро аз нав ба театр ҷалб намуд. Ва иштироки зиёди тамошобинон худ ба ин гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷаҳон ҳунарпешагоне чун Ҳошим Гадо ангуштшуморанд. Дар ҳақиқат, ҳунари болон ӯ ва намоишномаи «Рӯдакӣ» дастоварди миллии мо, тоҷикон, аст. —
Раҷабалӣ Қудратов, рӯзноманигор

Ҳошим ГАДО:

НАЙРАНГ АСТ

Дӯстӣ байни ду шахс ҳеҷ гоҳе бо фармон иҷро намешавад. Дӯстӣ байни ду инсон набояд дар сухан ифода бишавад, балки бо фармони дил бояд бошад. Дил, агар нахоҳад, ҳеҷ гоҳе байни ду инсон ё ашхос дӯстии самикӣ пайдо намешавад.

пешина
аз 213
навбатӣ