Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

«Кинорежиссёр Борис Кимёгаров дар китобаш навиштааст: барои нақши Суҳроб аз ҷумҳуриҳои бародари шонздаҳ довталаб роҳсанҷидем. Танҳо Ҳошим Гадоев қавиирода баромад ва ба роли Суҳроб бисёр ҷиддӣ муносибат мекунад».
«Помир», № 6, с. 1984.


«Ҳошим Гадоев яке аз онҳост, ки идомаёбни мактаби романтикии театрро талқин мекунанд, вай вориси ҳунарпешагони бузург А. Остушев, А. Хорава, Р. Симонов, А. Ҳонов мебошад. Образи мураккаби Эдип аз ҷониби ӯ бо амиқии ҳайратовари психологи офарида шудааст».
Евгений Симонов, роҳбари бадеи Театри дӯстии халқҳо.
«Вечерняя Москва», 5 феврали, с. 1988.


«Намоишномаи «Макр ва муҳаббат»-ро ман чандин борҳо ва ба чандин забонҳо дидаам, вале бояд бигӯям, ки ман мисли бозии артистони тоҷик ҳунарнамонеро дар саҳна хеле кам дидаам. Бояд бигӯям, ки аз бозиҳои «мудшуда»-и ҳунарпешагони Ғарб дида ҳамин кори Ҳошим Гадоев (роли Фердинанд) борҳо беҳтар аст».
Алфред Курелла. «Аҳ Ғарб борҳо беҳтар».
«Маориф ва маданият», 23 маи с. 1964.


«Ба ман ҳунарнамоии Ҳошим Гадо дар намоишномаи «Эдип» бисёр хуш омад. Ман тоҷирам, дар соири кишварҳо будам ва ба театр таваҷҷуҳ дорам. Бояд бигӯям, ки тамошои ҳунари Ҳошим Гадо маро аз худ бадар кард. Ин ҳолат танҳо ҳангоми қироати маснавии Мавлавӣ ба ман рӯй додааст. Ба пиндорам, дар ҳунари Ҳошим Гадо нури хиради Мавлоно, Шайх Аттор, Фирдавсиву Ҷомӣ гирд омада. Намоишномаи «Эдип» беҳтарин армуғони дуюми солгарди истиқлоли Тоҷикистон барои дӯстон буд».
Оғои Муҳаммадсафо, шаҳри Бағлони Давлати Исломии Афғонистон.


«Суперактёри итолиёвии В. Гассман, намедонам ба дигарон чӣ хел, ба ман бисёр Ҳошим Гадоевро ба ёд меорад ва баръакс. Ҳар ду

пешина
аз 213
навбатӣ