Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
ба халқи хеш саховатмандона мебахшад. Ана, ҳамин гуна сири ниҳонии ҳунари театрро шумо кашф намудед».
Меҳрубон Назаров,
Профессор, май соли 1988.
«Ман ҳамсабаки Ҳошимам. «Эдип»-ро ду бор тамошо кардам. Ҳар бор ба худ мегуфтам: агар устоди мо Ольга Ивановна Пижова зинда мебуд, ифтихор мекард ва мефаҳмид, ки бо парвариши Ҳошим Гадоев, Ҳошиме, ки доим китоби «Ҳамлет» дар бағалаш, дар долонҳои институт мегашт, дар инкишофи театри шӯравӣ чӣ саҳме гузоштааст».
С. Фелдман, мунаққид.
«Тоҷикистони советӣ», 15 марти, с. 1988.
«Хлестакови Гадоев шахси бодӣ ва таҳимағз нест. Вай одами соҳибақл ва қобилиятнокест, ки ҷони худро дар зиндагӣ ёфта натавонистааст... Тафсири тоза Хлестаков ва умуман намоишномаро ба дараҷаи баланди ҷамъбасти иҷтимоӣ баровардааст».
Б. Долсенов, режиссёр, ш. Ленинград,
«Маориф ва маданият», 28 ноябри с. 1978.
«Филми киносозони озарӣ «Шуълаи гулханҳои хомӯш», ки дар он Ҳошим Гадоев роли асосӣ - Газанро офаридааст, соли гузашта дар кинофестивали мамолики Осиё, Африқо ва Америкои Лотинӣ намоиш дода шуд. Ин рол барои офарандаи нақши асосӣ марҳилаи бузурги эҷодӣ ба ҳисоб меравад».
«Коммунист Таджикистана»,
24 сентябри соли 1977.
«Умумисароӣ, ороиш, бозии ҳунарпешагон ва алалхусус маҳорати баланди Ҳошим Гадоев - ҳама аъло буданд ва мо шоҳиди тавлиди асари ҳақиқатан ҳам бадеӣ гардидем. «Эдип»-и тоҷикон нотакрор аст».
М. К. Аникушин, рассоми халқии шӯравӣ, «Коммунист Таджикистана», 14 сентябри соли 1987.
«Дар мазҳака иштиёқи ман нест» - мегӯяд Гадоев ҳарчанд на як бору ду бор мазҳакаҳоро таҳия кардааст. Ҳошим - ҳунарпешаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё