Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Фердинандат самимона дӯст дошт. Гарчи макру ҳилаҳои одамони атрофаш ҷони ӯро рабуданд, лек дар охир ишқаш ҷовидон бимонд.

Агар ғалат накунам, ман ҳамаи фикри ба ин рол гузоштаатро фаҳмидам. Хусусан ҳамин ҷиҳатат сазовори таҳсин аст. Он бозие, ки ту хусусан дар охирин парда мекунӣ, актёри таҷрибаи бисёр дошта ва ба синну соли муайяне даромада ҳам бозида наметавонад. Фердинанди ту бо ин ҷовидонӣ ва феъли тези нисбат ба ҷавонӣ хос боз ақли солим дорад.

Камтарин ҷавонои дар ин гуна мавридҳои даҳшатовар оромии зоҳирӣ, яъне оромии берунии худро нигоҳ дошта метавонанд, аммо Фердинанди ту пеш аз қатли маҳбубааш ва марги худ ором буд. Оҳ, чӣ тавр ту ӯро дар он лаҳза ҳам бад медидӣ, ҳам аз дилу ҷон дӯсташ медоштӣ. Ман он қадар ба ту раҳмам меомад, ки бар ҳоли ту ҳатто ашк гӯлӯгирам мекард.

Бовар кун, рост мегӯям. Нӯшидани заҳр хуб аст, фақат дар имшаба бозиат як камбудӣ буд, оҳ агар ҳамонро ҳам намекардӣ, рафта мебусидамат.

Баъди он ки падар даромад, ҳамон ду калимаи худро ҳамин тавр гӯй, кӣ аз ҷигарат хун резад он гоҳ ба бахти оҷизи ту дили тамошобинон аз оташи қаҳр нарм шуда ашк беихтиёр ҷорӣ мешуд. Ман боварӣ дорам, оянда ту ҳамин тавр мекунӣ. Чунки дар ин ду калима бузургии муҳаббати Фердинандат ва ҷовидониаш муайян мешавад.

Ман ҳисоб мекунам, ки ту имтиҳонро нағз супурдӣ, кошки имтиҳонҳои ҳама бачаҳомон ҳамин тавр мегузашт.

Бо ин хатам ман камбудии туро гуфтани нестам, ин як ҳиссиёти актёрие, ки бо фармони дил ба ту навиштаам.

Хайр, боз ҳам муваффақияти ҳаққонӣ металабам, чунки ба ин гуна муваффақият соҳиб шудан кори ҳар актёр нест.

Бо эҳтиром Маҳмуд Воҳидов.
23.Х.63, соати 2 шаб.


«Ҳар муаллим, агар дилаш сузад, коре мекунад. Ҳошим Гадо дар шумораи ҳамин хел муаллимҳост. Мисолаш ҳамин этюди хурдакак, чӣ қадар фантазия... Ман ин бор ҳам аз эҷоди Ҳошим Гадо ҳайратзадаам. Асар дар ҳақиқат дархури замони мост».

Низом Нурчанов (Дар бораи таҳияи «Туда» дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Турсунзода), «Ҷумҳурият», 27 августи соли 1993.

пешина
аз 213
навбатӣ