Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Мегӯянд, ки занҳо табиатан донотар ва айёртаранд. Мардҳо бошанд, аз рӯйи китобхонӣ.
Хирадмандонро дониш ба сӯйи хоксорӣ мебарад. Танҳо бехирад аз донишаш ман - манӣ мекунад. Бидон, рӯшноии биниши чашмҳоро зирактар ва бинотар мекунад. Рӯшноии биниши бумҳоро боз кӯртар мекунад мекунад. Оё ба нобино оина чӣ лозим?
Ба нобино дигар оина лозим нест.
Мусиқии форам ба шунаванда равост. Ӯ барои корҳои дигар лозим нест.
Ман, ки медонам хомӯширо пеша кардаам.
Таклиф, бадтаринҳо набояд ба рӯи замин ҳаргиз таваллуд шаванд. Чӣ даркор дар рӯи заминро пур аз «баклашка» ва банкаи холиву ахлотҳои бешумор. Хас кам - ҷаҳон пок.
Хаси хушқат сабз шавад.
Бузургон ҳамеша танҳоянд.
Бузург дар охир дар танҳоӣ мемирад.
Ҳеҷ гоҳе орзуи бузургиро накунед. Як бузург бас аст. Ононе ки мусиқӣ ва шеърро дӯст намедоранд, ман онҳоро ба қатори ҳайвонҳои бе дум ва бе шоҳ мешуморам. Агар ман ноҳақам маро бубахшед хонандаҳо...
Омади ба рӯи олам ин ту не?
Пас ... агар лаззатҳои ӯро начашида равӣ пас... ту бохтӣ.
Ононе, ки ишқро аз сарчашмаи ӯ начашида рафтанд. Агар намеомаданд боз беҳтар буд. Ту аз зоғҳо тозагӣ ва сафедиро ҳаргиз хоҳон машав. Зоғ зоғ аст.
Ту кай ва дар куҷо дидӣ, ки бозингар ҳалол бозӣ кунад?
Ту дар куҷо дидӣ, ки мор бе заҳр шавад. Ӯ ҳатман бояд дар ҷигилдонаш заҳр дошта бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё