Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Тамбал ҳеҷ гоҳе нобиға намешавад.


Дуруғгӯй ҳеҷ гоҳе ба касе муҳтоҷ нашавӣ.


Марде, ки бештари умраш менолад ва хоҳиш аз зиндагӣ мекунад, ӯ набояд худро ба қатори мардҳо биҳисобад.


Морон аксар морбачаҳо мезоянд.


Дар ҷамъияти зогон агар мабодо туро зоғчаи сафед таваллуд карданд, зуд ба химчистка бишитоб ва худро ба мисли зогони дигар парҳоятро сиёҳ бикун. Вагарна зогони сиёҳ туро бо нулҳояшон зада, зада ба ҷаҳаннам равона мекунанд.


Агар мабодо дар байни тӯтиён тӯтие гаре, фоҳишае аз ягон парандаи дигаре бо издивоҷаш туро таваллуд карданд, ту зуд худ бишитоб ба пеши ягон устои косметики асри XXI худро зуд ҷарроҳӣ карда ва исту бистатро ба тӯтиён монанд бикун. То есть замона бо ту насохт, ту бо замона худро мутобиқ бикун.


Дар муассисае, ки ту кор мекунӣ ҳеҷ гоҳе худро аз сардорат донову хирадманд нишон надеҳ. Савол, чаро? Ту мепурсӣ? Ҷавоб ин аст. Барои он ки умуман дар ҳама давраҳо сардорон аз худ донотарро чашми дидан надоранд.


Занҳои безеб занҳои зеборо бад мебинанд. Ин қонуни табиат аст.


Паканаҳо одатан мардони қоматбаландро шум ва бад мебинанд. Чаро? Савол беҷавоб мемонад...

пешина
аз 213
навбатӣ