Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Марде аз марде пурсид: - Чаро одамон дурӯг мегӯянд, чаро аксарият фиребгар ва қалобанд? Марди хирадманд дар ҷавоб гуфт: зиндагӣ ҳамин аст. Набояд ҳайрон шуд, аз аввал ин корҳо, қилиқҳо давом доранд.
Нигоҳи Ҳошими Гадо аз паси парда бар саҳнаи ҳаррӯзаи зиндагӣ. Гадо аз субҳ то шом бо овози хирааш то бегоҳӣ сурудхонӣ кард, ба ӯ касе пайсае намепартофт, ӯ дар шом ба сурудхонӣ бо забони русӣ сар кард, акнун тамошобин кард. Ӯро роҳгузарҳо истода бо писханд, бо аския, бо ханда гӯш мекарданд, вале ягон тамошобин, ягон роҳгузар ба ӯ пайсае дароз накарданд. Ӯ дар охир дид, ки ҳамаи сурудхониҳои ӯ барабас рафтаанд, ӯ маҷбур шуд, ки ба тоқиаш ишора карда зорӣ мекард, ки касе ақаллан пайсае партояд. Касе ба ӯ пайсае ба қуттии лойолуташ хайру садақае ба ӯ надоданд. Ҳатто баъзеҳо ӯро масхара карда, ба ӯ мегуфтанд, акнун ба англисӣ гӯрўғлихонӣ кун. Шояд касе ба ту пайсае ё маблағе дароз кунанд. Ҳатто шахси авбошу майзада ба ӯ писханд зада гуфт, оё ту метавонӣ ба ман ягон суруди шашмақомро бихон ва рақс бикун. Агар рақсу сурудат ба ман писанд ва маъқул шавад, ман ба ту 10 сомонӣ медиҳам.
Сурудхони Гадо хест ва бо асбобаш ба сари ин авбош заданӣ шуд, дар ин маврид аз таги замин милиса пайдо шуд. Ҳама васваса, саросема аз пеши «Садбарг» яку якбора парешон шуданд. Ин буд қиссаи Гадои сурудхон, ки бо забони гӯрўғлихонӣ мекард ва касе ба ӯ пайсае намедод...
Акси як рӯз...
Мазмуни ин лаҳза
Эй одамон, бас кунед ноодамиро. Ҳошим Гадо аз ҳамагон як илтимос, як зорию тавалло мекунем.
Ба афтодагон ҳуштак накашед. Ба маризон раҳму шафқат кунед.
Агар ту ба кӯрон, шалон, нобиноён, ба дармондагон, ба қорафтодагон механдӣ, бидон, аниқ рӯзе мерасад, ки ту худ ба ин ҳатман гирифтор хоҳӣ шуд.
Афтодаеро дидӣ, дорӣ бидиҳаш, садақааш бикун. Агар надорӣ дар ҷайбат, пас масхарааш накун. Аз Худои мутаол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё