Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
беҳтарин амал аст. Ба гуфтаҳои дигарон бовар накунам, зеро аксарияти онҳо дар пас дар ҳақам гапҳои ношояму қабеҳ мегӯянд. Мани сода ба онҳо боварӣ доштам. Майлаш шайтонҳои бедум, шумо маро борҳо алондаед вале ман шод аз онам, ки пушту паноҳи ман пуркувват аст. Паноҳи ман Худост!
Худоҷон маро танҳо магузор. Умед дорам, ки худат маро фаромӯш накарда танҳоям намегузорӣ. Худовандо ман интизори дастгирии туям Худоё, мани танҳоро ҳамроҳ бишав!
Ҳазл, шухӣ, мазоҳ кардан бояд дар байни одамон бошад, лек ҳар кадоме аз инҳо макон ва меъёри худро дошта бошад. Инсон бояд танқид, ҷаҳрро қабул карда тавонад. Аксари одамон ҳазлро намефаҳманд ва бе ҳазл Дунё дилгиркунанда аст.
Роҳибе ҳамеша роҳиберо неш мезад. Рӯзе нафаре аз роҳибон аз Дунё даргузашт ва ҳангоми бардоштани тобут хост тобути роҳибашро бардорад. Нафаре, ки аз душмангарии ҳарду хабар дошт оҳиста ба гӯшаш гуфт: - Илтимос, ақалан мурдаашро озор мадеҳ.
Ӯро аз тобут дур карданд.
Нафаре, ки рост хӯрок мехӯрд нигариста муроҷиат намуд: - Бигӯед, ки байни шумо ав ҳайвон чӣ фарқияте ҳаст?
Нишаста аз ҷояш хест ва ҷавоб дод: - Фарқият дар он аст, ки инсон нишаста хӯрок мехӯрад, ҳайвон рост истода ем мехӯрад.
Хирадманде бадбахтиро дарси зиндагӣ шуморидаасту пойафзори дигаре баръакс хушбахтиро форси зиндагӣ медонад. Шояд ҳарду дуруст гӯянд, аммо инро танҳо вақт муайян мекунад.
Хушбахтии нависанда хушбахтии башарият аст. Нависанда бояд ғамашро пинҳон дорад то кассе хабар наёбад.
Худ ба хулосае омадам, ки дар ин асри вайронаҳо яке дигарро ба як пайса мефурӯшад. Кассе ҳарфи росте намегӯяд. Чӣ тавр бояд зист? Намедонам, намедонам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё