Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
худро низ дар қатори шумо гузоштаам. Саввумин ин ҳамагон хомем. Барои пухта шудани мо миллион – миллион соли дигар лозим аст. Инсон ҳанӯз ҳам тиф аст ва нав аз гаҳвораи кӯдакӣ берун мешавад.
Бе рақобат пешравӣ намешавад. Рақобат миёни одамон бояд бошад, аммо аз рӯи инсофу адолат. Хешутабориву ҷӯрабозӣ дар рақобат оқибати хуб надорад.
Лек ҳазорҳо афсӯс, ки ин ақидаи моён дар ҳаво муаллақ мемонад. Чӣ илоҷ, ки зиндагӣ ҳамин будааст. Аз қадим ҳамин тавр буд, ҳаст ва мемонад. Шояд дар ояндаҳои наздик ин қилиқ, найрангҳо, бозиҳои пасипардагӣ давом кунад.
Пас... Чӣ бояд кард? Онҳоро танҳо вақт саришта карда метавонад. Ҷурми теъдод дар ҳамон маълум мешавад, ки дар миёни ин айёрон о заҳмати зиёду шабҳои бехобӣ ҳақку ноҳақии одамонро исбот намояд. Ягона роҳ токат + токат = токату меҳнат аст. Дигар роҳе нест. Ба пеш Ҳошим Гадо! Дигар роҳе надор, танҳо Худо бот уст дар ин роҳи пуразоби ҳақиқат.
Аз саҳна барвақт ё бевақт рафтан ин ҳунар аст. Ҳарчӣ бештар ин саҳнаро холӣ намой ҳамон қадар обрӯят баланд мешавад. Овозхон ҳам чун дид, ки баромадҳои телевизиониихуд дар бади тамошобин зад оҳиста тарки саҳна намуданаш мардонагист. Ту, ман, вай набояд то ба ҳамин сатҳ дилбазан шавем, уро ин шармандагист. Саҳнаро сари вақт бояд холӣ намуд. Шояд сари вақт холӣ намудани саҳна боиси дар оянда соҳибобрӯ шудану бо некӣ ёд кардани одамон шавад. Маслиҳати Ҳошим Гадоро бигир. Ғайб зан, ки одамон баргаштани туро орзу кунанд.
Камбудии ман ин аст:
Ба роҳибон, нотавонбинон, душманон ва ҳамагон раҳм мекунам.
Дар дил дарду алами зиёд дорам, аммо афсӯс шунавандаю ҳамрозе надорам.
Суханҳои лозимиро ман бояд бо меъёр гӯям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё