Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба одамон беҳад наздик машав, зеро на ҳама наздикшавиро мефаҳмонад. Чӣ қадаре дур бошӣ ҳамон қадар ба манфиати туст.

Одамон гоҳе худро дар қатори фариштаҳо мегузоранд. Онҳо намедонанд, ки бо ин ҷуволҳои пур аз гуноҳҳошон аз шайтон бадтаранд. Бикушед то гуноҳро камтар кунед.

Хоксориву шармгинии занҳо ё мардон дар рӯзҳои аввал аст. Оҳиста – оҳиста маълум мешавад, ки онҳо киянд ва дар ботинашон чист?

Инро ба назар гирифта баробари шинос шудан кӯшиш намоед, ки ба торҳои анкабуди ҳамроҳатон дарнамонед. Инсон махлуқи мураккаб аст, ки гоҳе садда ҳасту гоҳе дигар зирак. Боз чандин асрҳо лозим меояд, ки ин махлуқ тарбия бинад. Бояд обхезӣ ё заминҷунбии сохта онҳоро тарбия кунад.

Дар олам инсоне нест, ки боре набохта бошад. Аз ин бохтанҳо кассе нест, ки боре дигар намуда бошад. Одам интизор аст, ки кай аз ин дунё гузашта ба дунёи афсонавӣ биравад. Илоҳо ҳар инсонро ба дунёи охираташ саломат бурда расонад. Омин!

Рақибат набояд донад, ки ту зидди ӯ чӣ чора андешиданӣ ҳастӣ.

Тавре зарба расон, ки баъд аз зарба ҷаҳон аз ӯ хабар биёбад. Ин паҳлӯи беҳтарини задухӯрд дар зиндагӣ аст.

Ҳар он чизе, ки таваллуд мешавад, оқибат мемирад. Пас чун ҳамагон миранда бошем, бояд биштобем то ба соҳили умеду орзу расем, хирадмандона бояд шитобид, зеро шитоб хубӣ ҳам надорад.

Барои он ки оташак намирад, бояд ҳамеша хезуми хушк ба оташ партоӣ, вагарна ҳама оташкадаҳоят хомӯш мешаванд.

Вақт ин пул аст.

Пул ин вақт аст.

Зистан қаҳрамонист.

пешина
аз 213
навбатӣ